Рузона чанд кудаки фаластинӣ дар Ғазза тавассути саҳюнистҳо ба шаҳодат мерасанд?
-
Рузона чанд кудаки фаластинӣ дар Ғазза тавассути саҳюнистҳо ба шаҳодат мерасанд?
Порс тудей- Сухангуи сандуқи кудакони Милали Муттаҳид дар гузориши омори аз теъдоди шуҳадои кудакони фаластинӣ дар Ғазза хабар дод.
Козим Абухалаф сухангуи ЮНИСЕФ дар Фаластин шомгоҳи ҷуъма дар гузориши эълом кард: Бар асари омори эълом шуда аз суи дафтари итилоърасонии Фаластин ва ЮНИСЕФ аз замони оғози таҷовуз ба Ғазза яъне 7 октябр соли 2023 токунун дасти кам 18 ҳазор кудаки фаластинӣ ба шаҳодат расиданд. Ба гузориши Порс тудей Абухалаф афзуд: Рузона 27 кудаки фаластинӣ дар борикаи Ғазза бар асари ҷанг дар ин борика ҷони худро аз даст медиҳанд.
Вай таъкид кард: Ба ҳеҷваҷҳ наметавон ин ҳаҷм аз кушторро дар борикаи Ғазза тавҷеҳ кард.
Дар ҳамин замина созмони пизишкони бедунимарз дар гузориши ҷадид аз афзоиши 10 баробарии маргумири кудакон дар Ғазза аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ хабард дод ва эълом кард: Аксарияти қурбониён бар асари инфиҷор ба шаҳодат расиданд.