Ҳушдори Либерман нисбат ба поёни кори саҳюнизм
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121556-Ҳушдори_Либерман_нисбат_ба_поёни_кори_саҳюнизм
Порс Тудей – Як мақоми режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа нисбат ба поён ёфтани саҳюнизм дар сурати расидагӣ накардан ба фирор аз хизмати низомӣ ҳушдор дод.
(last modified 2025-08-16T10:06:24+00:00 )
Август 16, 2025 15:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Либерман нисбат ба поёни кори саҳюнизм
    Ҳушдори Либерман нисбат ба поёни кори саҳюнизм

Порс Тудей – Як мақоми режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа нисбат ба поён ёфтани саҳюнизм дар сурати расидагӣ накардан ба фирор аз хизмати низомӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ҳоле ки Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, аз тарси суқути кабинаи худ ба хостаи аҳзоби ҳаридӣ барои иштирок накардани ҷавонони ҳаридӣ дар хизмати низомӣ тан медиҳад, Авигдор Либерман, раиси ҳизби «Исроил хонаи мост» ҳушдор дод, ки бояд ба фирор аз хизмати низомӣ поён диҳем; вагарна саҳюнизм поён меёбад.

Либерман қаблан низ гуфта буд: «Мо аз як тараф иҷозат намедиҳем, ки садҳо ҳазор сарбози захира пайваста ба хидмат даъват шаванд ва аз тарафи дигар, кабинаи Натаняҳу фирори дастаҷамъии (ҳаридиҳоро) ташвиқ кунад.»

Дар ҳамин иртибот, ахиран нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки барои бақои сиёсӣ ба ҳаридиҳо ниёз дорад, раиси кумитаи хориҷаву амнияти парлумони ин режимро, ки бар иҷрои хизмати низомии ҳаридиҳо исрор дошт, барканор кард.

Ба тозагӣ пойгоҳи амрикоии «Медиа Лайн» дар гузорише ба худкушии рӯзафзуни миёни низомиёни саҳюнист ишора кард ва бо ин муқаддима, ки оё артиши Исроил аз дарун фурӯ мерезад?, навиштааст, худкушӣ ба таҳдиди аслӣ алайҳи низомиёни исроилӣ пас аз поёни ҷанги Ғазза табдил шудааст.

Оморҳои нав нишон медиҳанд, ки аз оғози ҷанги Ғазза то кунун беш аз 50 низомии исроилӣ ба далели худкушӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ин омор шомили 17 маврид дар соли 2023, 21 маврид дар соли 2024 аст. Ҳамчунин, расонаҳои ибрӣ гузориш додаанд, ки дар нимсолаи аввали 2025 дастикам 18 мавриди худкушӣ миёни низомиёни исроилӣ сабт шудааст, ки нисбат ба нимсолаи монанди 2024 ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки раванди худкушии низомиёни исроилӣ на танҳо бо оғози ҷанги Ғазза афзоиш ёфтааст, балки ба назар мерасад бо поёни ин ҷанг, як сунамии худкушии низомиёни саҳюнист иттифоқ меафтад.

Нашрияи ибрии «Исроил Ҳайом» навишт: Пас аз ихтилофи назар миёни Юлий Эделштейн, раиси кумитаи хориҷаву амнияти Кнессет (маҷлиси режими саҳюнистӣ) бо кабина ба далели пофишории Эделштейн бар тасвиби қонуни хизмати низомии ҳаридиҳо, кумитаи Кнессет бо барканории ӯ мувофиқат кардааст. Дар вокуниш ба ин амр, Бенӣ Гантс, раҳбари ҳизби Кабуду сафеди режими саҳюнистӣ гуфт: Шармандавор аст, ки Эделштейн ба далелҳои сиёсӣ барканор шуд.

Ҳамзамон, Яаир Голан, раҳбари ҳизби мухолифи эътилофи демократҳо низ гуфт, ки барканории Эделштейн аз кумитаи умури хориҷаву дифои Кнессет, бо ҳадафи дифоъ аз фирори дастаҷамъӣ аз хизмати низомӣ сурат гирифтааст.

Авигдор Либерман низ баъдан эълом кард, ки кабинаи Натаняҳу ба фирориён аз хизмати низомӣ аҳамият медиҳад ва касонеро, ки дар артиш хидмат мекунанд, ба ҳоли худ мегузорад! Ин кабина бояд сарнагун шавад.