Буҳронҳои чандгонаи Натанёҳу ва паёмҳои шиносоии кишвари Фаластин
-
Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ
Порс-Тудей. Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар шароите бо буҳронҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ аст, ки иқдоми бархе кишварҳо дар ба расмият шинохтани Фаластин, паёмҳои сиёсиву ҳуқуқии муҳиме дар пай доштаву ҷойгоҳи ин режимро беш аз пеш мутазалзил кардааст.
Коршиносони масоили режими саҳюнистӣ муътақиданд, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо буҳронҳои асосӣ, аз ҷумла густариши мавҷи шиносоии расмии кишвари Фаластин, ки масъалаи Фаластинро ба як воқеияти сиёсии ғайриқобили чашмпӯшӣ табдил кардааст, таҳдиду эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ, ба вижа аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва фишорҳои дохилӣ аз сӯи эътилофи ростгарои ифротӣ, ки бо ҳар гуна ақибнишинӣ ё имтиёздиҳӣ мухолифат мекунад, рӯ ба рӯст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, Натанёҳу дар талош аст бо иттико ба тақвияти саноеи низомӣ ва худкифоӣ, инзивои байналмилалиро ҷуброн кунад, рӯйкарде, ки худ метавонад ба фурӯпошии иқтисодӣ мунҷар шавад. Нахуствазири режими саҳюнистӣ миёни имтиёздиҳиҳои тактикӣ монанди тасҳили кумакрасонӣ ба борикаи Ғазза ва идомаи сиёсатҳои сахтгирона дар навасон аст то ҳам фишори ҷаҳониро коҳиш диҳад ва ҳам инсиҷоми дохилиро ҳифз кунад, аммо ин роҳбурд ҳазинаҳои баландмуддати сиёсиву иқтисодӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Ба гуфтаи Амҷад Бишкор, устоди равобити байналмилал, иқдоми ахири бархе кишварҳо дар шиносоии Фаластин натиҷаи мустақими таҳаввулоти пас аз 7 октябри 2023 аст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳарчанд Фаластин дар арсаи ҳуқуқӣ ба унвони як кишвари машруъ ба расмияти шинохта шуда, аммо дар воқеияти майдонӣ ҳамчунон таҳти султаи ишғолгарон аст. Ба бовари ӯ, чолиши аслӣ табдили ин расмияти ҳуқуқӣ ба як воқеияти айнӣ аст. Зеро Исроил бар беш аз 60 дарсади Каронаи бохтарӣ, гузаргоҳҳову ҳарими ҳавоӣ тасаллут дорад ва бо шаҳраксозиҳои густарда таҳаққуқи истиқлоли Фаластинро душвор кардааст.
Ин коршинос изофа мекунад, ки ин шиносоиҳо метавонад тавваҷуҳи ҷаҳонӣ ва арабиро муҷаддадан ба масъалаи Фаластин ҷалб кунад ва ба унвони бахше аз стратегияи фаластиниён барои хуруҷ аз бунбасти сиёсӣ ва коҳиши нақши Амрико амал кунад. Ҳарчанд таҳаққуқи комили истиқлол ҳамчунон бо мавонеи ҷиддӣ рӯ ба рӯст.