Атвон: Шикасти сеюми Исроил дар Лубнон дар роҳ аст
Порс Тудей - Таҳлилгари саршиноси ҷаҳони араб дар ёддоште аз вуҷӯди панҷ шохиси умда сухан мегуяд, ки ҳокӣ аз омодагии режими саҳюнистӣ барои оғози ҳамлае васеъ алайҳи Лубнон бо ҳимояти Амрико аст. Ӯ муътақид аст, баҳои ин иқдом барои Тел Авив бисёр сангинтар аз шикаст дар ҷанги 2006 хоҳад буд ва дар муқобил, Ҳизбуллоҳ низ дар тадоруки посухҳо ва силоҳҳои пешрафтае аст, ки мумкин аст муъодилаи минтақаро тағйир диҳад.
Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони арабу сардабири рӯзномаи Раъй Ал Явм дар ёддоште навишт: Нишонаҳои мутааддиде вуҷӯд дорад, ки баёнгари омодагии режими ишғолгари Исроил барои ҳамлае густарда алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар рӯзҳои оянда аст; ҳамлае, ки ба гуфтаи ӯ, бо пуштибонии Амрико сӯрат хоҳад гирифт, аммо ҳазинае ба маротиб сангинтар аз шикаст дар ҷанги июли 2006 барои Исроил ба дунбол хоҳад дошт.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИСНА, вай ин нишонаҳоро дар панҷ меҳвари аслӣ хулоса кард ва навишт: Нишонаи аввал изҳороти Навоф Салом, нахуствазири Лубнон пас аз дидори ғайримунтазира бо генерал Ҷозеф Клирфилд, раиси Кумитаи назорат бар оташбас дар Лубнон аст, ки гуфта буд; Лубнон мутааҳҳид аст то поёни соли ҷорӣ раванди халъи силоҳи минтақаи ҷануби рӯдхонаи Литониро такмил кунад.
Атвон гуфт: Нишонаи дувуми таъкиди Томас Барак, фиристодаи Амрико дар умӯри Сурия ва Лубнон аст, ки гуфта буд, замони бозпасгирии ҳокимияти Лубнон фаро расидааст. Ӯ ҳамчунин дар бораи иқдоми якҷонибаи Исроил дар сӯрати тадовуми таъхири давлат дар халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ ҳушдор дода буд.
Нишонаи сеюм аз назари ин таҳлилгари араб анҷоми размоишҳои густарда аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ дар манотиқи ҷанубии Лубнон аст, ки дар он ҳамлаи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ ба ин кишвар шабеҳсозӣ шуд.
Дар идомаи ин ёддошт омадааст: Аммо нишонаи чаҳорум афзоиши раванди хурӯҷи сокинон аз ҷануби Бейрут ба самти манотиқи шимолӣ ва шимоли шарқӣ аст, ки ба унвони манотиқи амнтар талаққӣ мешаванд. Нишонаи панҷум низ ташдиди парвозҳои ҷосӯсии паҳподҳои исроилӣ бар фарози осмони Лубнон ба сӯрати шабонарӯзӣ ва интишори гузоришҳое мабнӣ бар эҳтимоли ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётии Лубнон, аз ҷумлаи фурудгоҳи Бейрут, бандар, нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои обрасонӣ аст.
Атвон менависад, ин таҳдидҳо ва фишорҳои режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо гузоришҳое аз расонаҳои ибрӣ аст, ки ба нақл аз женеролҳои саҳюнист аз бозсозии сареъи тавони низомӣ ва созмонии Ҳизбуллоҳ хабар додаанд. Бино бар ин гузоришҳо, Ҳизбуллоҳ муваффақ шуда аст, зарфияти тавлиди таслеҳоти худ аз ҷумла сохти мӯшакҳое бо диққату қудрати тахриби болотар нисбат ба ҷанги гузаштаро эҳё кунад.
Як манбаи лубнонӣ дар ин бора гуфтааст, ки «ғофилгирии бузурги баъдӣ» мумкин аст, рӯнамоӣ аз мӯшакҳои «фаросавт» ва кулоҳакҳои хӯшаӣ ва сангинтар аз намунаҳои яманӣ бошад. Шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар суханрониҳои ахири худ бо ишора ба ин тавонмандиҳо таъкид кардааст: Силоҳи муқовимат барои дифо дар баробари таҷовузи Исроил аст, на барои истифода дар умӯри дохилии Лубнон. Ин силоҳ бахше аз қудрати миллии Лубнон башумор мераваду тасаввури инки халъи он мушкилоти кишварро ҳал мекунад, хатое бузург аст.
Атвон ҳамчунин ба ҳаҷми рафту омади мақомҳои баландпояи амрикоӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ тайи рӯзҳои ахир ишора мекунад. Ӯ муътақид аст, ҳадафи аслии ин рафту омадҳо на маҳори ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва ҳифзи оташбас, балки тадорук барои ҳамлаи муштараки исроилӣ - амрикоӣ алайҳи Эрону Лубнон ва Яман аст.
Ин таҳлилгар ёдовар мешавад, ки режими саҳюнистӣ токунӯн 2 бор дар Лубнон ба шакли «хифатбор» шикаст хӯрдааст; нахуст дар соли 2000 бо ақибнишинии якҷониба аз ҷануби Лубнону дувум дар ҷанги 2006. Ба бовари ӯ, шикасти сеюм низ дар роҳ аст, зеро режиме, ки дар 2 соли набард дар Ғазза ба аҳдофи худ нарасида, дар Лубнон ҳам пирӯзӣ нахоҳад ёфт.
Атвон натиҷа мегирад: На Лубнон танҳо хоҳад буд, на Эрон; даврони сабри роҳбурдӣ ва хештандорӣ ба поён расидааст ва бозхонии суханони ахири оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ низ ин воқеиятро таъийд мекунад ва рӯзҳои оянда гуёи ҳама чиз хоҳад буд.