Мидел Ист Ой: Ҷасадҳои баргардондашуда ранҷи хонаводаҳои фаластиниро дучандон кард
Порс тудей- Бозгашти ҷасадҳои қурбониёни фаластинӣ ба ҷои поён додан ба интизор, хонаводаҳоро бо саҳнаҳои ваҳшатноки шиканҷа ру ба ру кард.
Хабаргузории "Middle East Eye" дар гузориши наваш хабар дод, ки супурдани ҷасадҳои як қатор фаластиниён аз ҷониби Исроил оилаҳои онҳоро ба ҳолати нави шок ва андӯҳ овардааст. Ба гузориши Порс тудей оилаҳое, ки умед доштанд, ки гирифтани ҷасадҳои наздиконашон ба саволҳои беҷавоб дар бораи сарнавишти гумшудагон хотима мебахшад, бо саҳнаҳои ваҳшатноки шиканҷа ва осеб дидани ҷасадҳо ру ба ру шуданд; масъалае, ки ранҷу азоби қаблии онҳоро ба азоби дукарата табдил додааст.
Рамазон, бародари яке аз қурбониён, нақл мекунад, ки бародараш Аҳмад дар рӯзи аввали ҷанг мафқуд шудааст. Ӯ мегӯяд: Ҷасади Аҳмад сӯхта буд ва дар баданаш шаш тир буд. Яке аз ангуштони пояш бурида ва синааш аз боло то поён кушода буд. Ин гузориш танҳо як мисоли ҳолати ҷасадҳое аст, ки супурда шудаанд.
Модари як қурбонии дигар низ тавсифи ҳайратангезе медиҳад: Дастҳои писарам Маҳмуд дар пушт ва пойҳояш низ баста буданд. Нишонаҳои занҷирҳо дар пойҳояш чуқурӣ гузошта буданд. Ӯ ҳангоми баста буданаш шаҳид шуд. Дар рони ӯ захми тир намоён буд ва пораҳои чӯб дар синааш буданд. Рӯяш сахт осеб дида буд ва косахонаи сараш шикаста буд. Гарданаш низ нишонаҳое дошт, ки ӯро ба дор кашидаанд.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки супурдани ҷасадҳо натанҳо ба саволҳои оилаҳои фаластинӣ посух надод, балки дарду ранҷи онҳоро дучанд кард.