Тахриби 80 дарсад манозили масеҳиёни Ғазза дар ду соли ҷанги наслкушӣ
-
Тахриби 80 дарсад манозили масеҳиёни Ғазза дар ду соли ҷанги наслкушӣ
Порс-Тудей. Дар тӯли беш аз ду соли ҷанги наслкушӣ ва ҳамлаҳои доимии режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ҷомеаи масеҳиёни ин минтақа бо осебҳои бесобиқае рӯбарӯ шудаанд.
Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, манбаъҳои маҳаллӣ ва калисоӣ эълон карданд, ки тақрибан 80 дарсад аз манозили наздик ба оилаҳои масеҳӣ дар ҷараёни ҷанги Ғазза ба таври комил ё васеъ тахриб шудааст.
Ба гузориши “Порс- Тудей”, ҳамлаҳои густарда на танҳо минтақаҳои аҳолиншин, балки калисоҳо, мактабҳо, марказҳои фарҳангӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии вобаста ба масеҳиёнро низ ҳадаф қарор дода ва қисмати муҳими зерсохтҳои ин ҷомеаи хурд, аммо решадорро аз миён бурдааст. Ин тахрибҳо боис шудааст, ки бисёре аз оилаҳои масеҳӣ паноҳанда шаванд ва дар шароитҳои сахту муваққатӣ, бидуни дастрасии кофӣ ба хадамоти аввалияи зиндагӣ қарор гиранд.
Намояндагони ҷомеаи масеҳӣ дар Ғазза таъкид кардаанд, ки бо вуҷуди ҳаҷми сагини осебҳо ва талафоти инсонӣ, ин ҷомеа ҳамчунон бар мондан дар сарзамини хеш ва ҳифзи ҳувияти таърихӣ ва динии хеш пофшорӣ мекунад. Ба гуфтаи онҳо, масеҳиёни Ғазза хешро қисми ҷудонашавандаи миллати Фаластин мешуморанд ва ранҷе ки кашидаанд, фарқе бо дигар сокинони ин борика надорад.
Ҳамзамон бо наздикшавии муносибатҳои динӣ, маҳдудиятҳои шадид, иҳророти комил ва пешгирӣ аз сафар, боис шудааст масеҳиёни Ғазза барои сеюмин соли пайдарпай аз ҳузур дар иҷроҳо ва маросимҳои берун аз ин минтақа маҳрум бимонанд. Ин вазъият, фишори равонӣ ва иҷтимоии изофаро бар оилаҳо ворид кардааст.
Фаъолони калисоҳо дар Ғазза бо огоҳӣ нисбат ба паёмдҳои инсонӣ ва фарҳангии ин тахрибҳо, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд масъулияти ахлоқии хешро дар ҳолати он чӣ дар Ғазза мегузарад, қабул кунад ва барои қатъи ҷанг ва дастгирии ғайринизомиён амал кунад. Онҳо таъкид мекунанд, ки идомаи ин шароит, на танҳо ҷони одамонро, балки гуногунии динӣ ва мероси таърихии Ғазаро низ дар хатари нобудӣ қарор додааст.
Ба асоси омори нашршудаи ниҳодҳои калисоӣ дар Ғазза, дар ҷараёни ин ҷанг ҳадди ақал 25 нафар аз аъзои ҷомеаи масеҳӣ ба шаҳодат расидаанд ва даҳҳо нафари дигар низ ба далели камбуди дору, набудани имкониятҳои табобатӣ ва муҳосираи такрорӣ ҷонашонро аз даст додаанд. Инчунин садҳо нафар аз масеҳиён дар натиҷаи бомбаронҳо ва шароити номаҳфуз, маҷруҳ ё дорои осебҳои ҷиддии ҷисмонӣ ва равонӣ шудаанд.
Ин оморҳо дар баробари тахриби васеи калисоҳо, мактабҳо ва марказҳои вобаста ба ҷомеаи масеҳӣ, тасвири равшане аз амиқии фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза мекашанд; фоҷеае, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳамаи сокини ин борикаро бидуни тафовут ҳадаф қарор дода ва бори дигар нишон додааст, ки ҷанг, дин ва ҳувиятро намешиносад.