Таҳлилгари Лубнонӣ: «Набарди карбалоӣ» ҳушдор ба Исроил ва Амрико аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123836-Таҳлилгари_Лубнонӣ_Набарди_карбалоӣ_ҳушдор_ба_Исроил_ва_Амрико_аст
Порс Тудей - Як таҳлилгари лубнонӣ ҳушдор дод, ки ҳар гуна муҳосиботи нодурусти режими Исроил аз Лубнон ҷанге тамомайёрро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
(last modified 2026-01-17T05:03:51+00:00 )
Январ 14, 2026 11:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари Лубнонӣ: «Набарди карбалоӣ» ҳушдор ба Исроил ва Амрико аст

Порс Тудей - Як таҳлилгари лубнонӣ ҳушдор дод, ки ҳар гуна муҳосиботи нодурусти режими Исроил аз Лубнон ҷанге тамомайёрро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Ба гузориши Порс Тудей, Имод Хашмон, таҳлилгари сиёсии лубнонӣ бо ишора ба таҳдидҳои режими саҳюнистӣ алайҳи ин кишвар ҳушдор дод, ки таҷрибаи торихии даргирӣ бо Исроил гувоҳидиҳандаи ин аст, ки амалиётҳои «маҳдӯд» ағлаб ба далели таҳаввулоти майдонӣ ва муҳосиботи иштибоҳ ба ҷангҳои густардаретар табдил мешаванд. Хашмон, таҳлилгари сиёсии лубнонӣ бо ишора ба таҳдидҳои режими саҳюнистӣ барои ҳамлаи ҷадид ба Лубнон гуфт: Таҳдидҳои фазояндаи Исроил мабнӣ бар таҷовуз ё таҳоҷуми ҷадид алайҳи Лубнон, мафҳуми набарди вуҷӯдии сарнавиштсозро дар миёни муқовимат матраҳ мекунад. Ин дар буҳбуҳаи баҳсҳое дар мавриди сенарияҳое аз як амалиёти низомии маҳдӯд гирифта то як ҷанги густардатар бо аҳдофи сиёсӣ ва амниятии фаротар аз буъди низомии суннатӣ, матраҳ мешавад.

Вай баён кард, ин ташдиди таниш дар як бистари печида рух медиҳад, ки таҳти таъсири шохисҳое аст, ки нишондиҳандаи чароғи сабзи дақиқи Амрико ва фишорҳои дохилӣ ва хориҷии дарҳамтанида бо ҳадафи халъи силоҳи муқовимату нақши дифоии он аст. Ин амр Лубнонро дар як лаҳзаи сарнавиштсоз дар мавриди ҳувият, тасмимгирӣ ва ҳокимияти худ қарор медиҳад, на сирфан рӯёрӯии низомӣ.

Ин таҳлилгари сиёсии лубнонӣ тасреҳ кард, арзёбиҳои ишғолгарон нишон медиҳад, ки ҳар гуна таҷовузи эҳтимолӣ алайҳи Лубнон, дар сӯрати вуқуъ, ба далели нигарониҳои Исроил дар мавриди шиканандагии ҷабҳаи дохилӣ ва тавозуни боздорандагии мавҷӯд, аз назари домана маҳдӯд хоҳад буд ва бар фишори сиёсӣ ва низомӣ мутамарказ хоҳад буд, бидуни инки ба як ҷанги минтақаии тамомайёр табдил шавад.

Хашмон ба мавзеи ахири шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, мабнӣ бар омодагии муқовимат барои набарди карбалоӣ, дар сӯрати лузӯм, алайҳи пружаи исроилӣ - амрикоӣ низ ишора кард. Ӯ ин тавсифро на сирфан эҳсосӣ ё лаффозӣ, балки дорои абъоди амиқи фикрӣ, сиёсӣ ва низомӣ донист, ки мусталзими таҳлили дақиқи маъонӣ ва паёмҳои он аст.

Ин таҳлилгар дар идома дар мавриди мафҳуми «рӯёрӯии карбалоӣ», низ гуфт: Ин истилоҳ, он тавр, ки дар гуфтумони муқовимат истифода мешавад, ба маънои талош барои марг ё ширкат дар набард беҳисобу китоб нест. Балки нишондиҳандаи омодагӣ барои таҳаммули болотарин сатҳи фидокорӣ дар дифо аз ҳақиқату имтиноъ аз таслим шудан аст ва ончиро ки ба унвони заъф талаққӣ мешавад ба қудрати ахлоқӣ ва боздоранда табдил мекунад.

Вай афзуд, изҳориназри шайх Наими Қосим имтидоди рӯйкарди стротежие аст, ки пеш аз ин тавассути Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кули фақиди Ҳизбуллоҳ, эълом шуда буд ва амалан дар даргириҳои ахир ба иҷро гузошта шудааст ва воқеиятҳои майдонӣ, шикасти артиши Исроил, бовуҷуди бартарии низомӣ ва ҳимояти мустақими Амрико дар дастёбӣ ба аҳдофи худ ё ишғоли рӯстоҳои марзӣ ва мутаҳаммил шудани хисороти сангинро нишон дод.

Хашмон тасреҳ кард, паёмҳои наҳуфта дар эъломи «Набарди карбалоӣ» беш аз ҳама мутаваҷҷеҳи Исроил аст, ки ҳар гуна таҷовузе бидуни ҳазина нахоҳад буд; ва низ хитоб ба Амрикост, ки фишори сиёсӣ дар ҷое, ки ҷангҳо шикаст хӯрдаанд, муваффақиятомез нахоҳад буд; ва ба мардуми Лубнон, ки муқовимат ба дунболи ҷанг нест, аммо таслим намешавад. Вай дар поён таъкид кард: Ин даргирӣ, дар асл, ба набарди иродаҳо табдил шудааст, ки иқдомоти нимакораро намепазирад.