Чаро ифротиҳои саҳюнист аз оташбас дар Ғазза ҳарос доранд?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123926-Чаро_ифротиҳои_саҳюнист_аз_оташбас_дар_Ғазза_ҳарос_доранд
Порс Тудей - Тарҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои оташбас дар Ғазза токунӯн ба натиҷа нарасидааст ва саҳюнистҳои ифротӣ бо ин раванд ҳамроҳӣ намекунанд.
(last modified 2026-01-24T05:27:55+00:00 )
Январ 20, 2026 13:29 Asia/Dushanbe
  • Чаро ифротиҳои саҳюнист аз оташбас дар Ғазза ҳарос доранд?

Порс Тудей - Тарҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои оташбас дар Ғазза токунӯн ба натиҷа нарасидааст ва саҳюнистҳои ифротӣ бо ин раванд ҳамроҳӣ намекунанд.

Бетсалел Смотрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ, ҳамонанди Итамар Бен Гвир, вазири амнияти дохилии ин режим зимни интиқод аз тарҳи Амрико барои Ғазза гуфт, ки ин тарҳ ба нафъи ин режими набуда ва Ғазза бояд мавриди ҳамла қарор бигирад.

Вазири дороии режими саҳюнистӣ, ҳамчунин дар мухолифат бо тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои идораи Ғазза гуфт: Бояд ба Трамп иттилоъ диҳем, ки тарҳаш дар Ғазза барои «Исроил» бад аст.

Пештар Итамар Бен Гвир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, низ аз баёнияи дафтари Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим дар мухолифат бо «ташкили кумитаи идораи Ғазза бидуни ҳамоҳангӣ бо Исроил ва дар тазод бо сиёсатҳои он» ҳимоят кард.

Дафтари Натаняҳу, пештар баёнияи тундеро дар интиқод аз Трампу тарҳи ӯ барои Ғазза содир ва таъкид кард, ки эъломи ташкили кумитаи иҷроии Ғазза бидуни ҳамоҳангӣ бо Исроил анҷом шуда ва бо сиёсатҳои он дар тазод аст.

Тарҳи оташбаси Доналд Трамп, раванди ҷанг дар Ғаззаро мутаваққиф накарду мухолифати саҳюнисти ифротӣ бо тарҳи дигари раисиҷумҳури Амрико барои идораи Ғазза низ нишонае аз норизоятии онҳо аз поёни ҷанг аст.

Таҳаввулоти ахири Ғаззаи бори дигар нишон дод, ки масаълаи аслӣ дар аҳдофи шуми режими саҳюнистӣ, на амният, на дипломатия, балки пружае нажодпарастона ва ишғолгаронааст, ки ҷараёнҳои ифротии саҳюнист бо тамоми тавон дар пайи таҳаққуқи он ҳастанд.

Барои ҷараёнҳои ифротии саҳюнист, оташбас на як зарурати инсонӣ ва на як гом ба сӯи суботи минтақаӣ, балки таҳдиде алайҳи тадовуми ишғолгарӣ аст, ки тарҳҳо ва идаҳои онҳо барои ишғоли комили Фаластинро бенатиҷа мекунад. Ҷараёнҳои ифротӣ дар  Авив, бо дидгоҳи амниятӣ ҳар гуна оташбас ё тарҳи сиёсии байналмилалиро таҳдиде алайҳи аҳдофи баландмуддати худ медонанд.

Ташкили кумитаи идораи Ғазза бидуни ҳамоҳангӣ бо Тел Авив аз нигоҳи саҳюнистҳои ифротӣ, гоме хатарнок ба сӯи коҳиши нуфузи режими Исроилу афзоиши нақши бозигарони хориҷӣ аст.

Вокуниши тунди дафтари Натаняҳу низ нишон дод, ки ҳатто кабинаи режими саҳюнистӣ низ ҳозир нест, мудирияти Ғаззаро ба ҳеҷ созукори байналмилалӣ вогузор кунад; аммо барои ҷараёнҳои ифротӣ, ин ҳассосият ба маротиб шадидтар аст.

Дар сатҳи дохилӣ, идомаи ҷанг барои Смотрич ва Бен Гурион мавқеъияти сиёсӣ аст ва пойгоҳи раъйи онон ки умдатан аз шаҳракнишинону гуруҳҳои ифротии саҳюнист ташкил шудаи ҷангро на як буҳро , балки абзоре барои таҳаққуқи аҳдофи худ мебинад. Дар чунин фазое, оташбас метавонад ба унвони «таслим» муаррифӣ шаваду ҷойгоҳи сиёсии ононро тазъиф кунад.

Ифротиҳои саҳюнист ба хубӣ медонанд, ки оташбас ва дар идомаи таваққуфи амалиёти низомӣ шароитро ба нафъи неруҳои муқовимати фаластинӣ тағйир хоҳад доду сарони режими саҳюнистӣ низ бояд посухгӯи ҷиноёти худ дар Ғазза бошанд.

Мухолифати саҳюнистҳои ифротӣ бо оташбас дар Ғазза на як вокуниши мақтаъӣ, балки бахше аз роҳбурди баландмуддати онон барои тадовуми ишғолгарӣ ва ҷилавгирӣ аз шаклгирии ҳар гуна сохтори сиёсии мустақили фаластинӣ аст.

Ҳалли буҳрони Ғазза низ бидуни ҷилавгирӣ аз иқдомоти тахрибии ҷараёнҳои ифротии саҳюнист ва бидуни фишори ҷиддии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи сиёсатҳои ишғолгаронаи режими Исроил, ҳамчунин ҳимоят аз хостаҳои машрӯъи фаластиниҳо имконпазир нест.