Амалиётҳои мушакии Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеи ишғолгарон дар ҷануби Лубнон
-
Амалиётҳои мушакии Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеи ишғолгарон дар ҷануби Лубнон
Порс Тудей- Ҳизбуллоҳи Лубнон бо интишори баёнияе аз ҳадаф қарор додани маҳалли таҷаммуи нерӯҳо ва абзори низомии артиши саҳюнистӣ дар минтақаи «Тал-ун-Наҳҳос» воқеъ дар ҳумаи шаҳраки «Кафаркило» хабар дод.
Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки размандагони муқовимат бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшаванда, истиқрори низомиён ва худравҳои ин режимро дар ҷануби Лубнон дарҳам кубиданд. Ин ҳамлаҳо дар чорчӯби посух ба таҷовузоти мустамар ва мавориди мутааддиди нақзи оташбас тавассути режими саҳюнистӣ сурат мегирад.
Таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Лубнон, якшанбешаб низ сурат гирифт ва дар ҷараёни он шуморе аз шаҳрвандони ин кишвар шаҳид ва захмӣ шуданд. Дар ҳамин росто, Вазорати беҳдошти Лубнон эълом кард: Дар ҳамлаҳои ҳавоии якшанбешаби Исроил ба ҷануби Лубнон, 14 нафар шаҳид ва 37 нафари дигар захмӣ шуданд.
Вазорати беҳдошти Лубнон якшанбешаб дар баёнияе эълом кард, ки омори талафоти таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон аз дуюми март ба 2509 шаҳид ва 7755 маҷрӯҳ расид.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе аз тамдиди сеҳафтаии ин оташбас, ки аз 17-и апрел оғоз шуда буд, хабар дод. Ин оташбас пас аз мавҷи сангини ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, ки аз 2-юми март оғоз шуда буд, барқарор шуд.