Наъим Қосим: Дар сояи муқовимат, душман наметавонад аҳдофашро муҳаққақ кунад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124746-Наъим_Қосим_Дар_сояи_муқовимат_душман_наметавонад_аҳдофашро_муҳаққақ_кунад
Порс Тудей — Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки дар сояи вуҷуди муқовимат, душман сарфи назар такаббур ва ғурур наметавонад аҳдофи худро муҳаққақ кунад.
(last modified 2026-05-04T14:40:48+00:00 )
Май 04, 2026 19:05 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наъим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон
    Шайх Наъим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон

Порс Тудей — Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки дар сояи вуҷуди муқовимат, душман сарфи назар такаббур ва ғурур наметавонад аҳдофи худро муҳаққақ кунад.

Ба гузориши Порс Тудей, Шайх Наъим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар изҳороте гуфт, ки бо марҳалаи хатарноке аз таърихи минтақа рӯбарӯ ҳастем, ки душмани саҳюнистӣ бо ҳимояти давлати Амрико ба мо ҳаҷма овардааст.

Вай таъкид кард: Ҳадафи душман салби ҳуқуқи мо ва ишғоли сарзамин ва ояндаи мо бо зӯр аст ва ҳадафи муқовимат озодсозии сарзамин аст. Душман ҳар қадар ҳам мутакаббир бошад, бо вуҷуди муқовимат наметавонад аҳдофи худро муҳаққақ кунад.

Шайх Наъим Қосим афзуд: Дар Лубнон оташбас вуҷуд надорад ва таҷовузҳои Исроил ва Амрико мудовим аст. Лубнон кишварест, ки ба он таҷовуз шудааст ва ин кишвар барои амният ва ҳокимияти худ ниёз ба тазминҳое дорад. Душмани исроилӣ ҳатто як гом аз тавофуқи оташбасро иҷроӣ накарда ва то ин лаҳза беш аз 10 ҳазор бор онро нақз кардааст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон изофа кард: Душман ҳатто як гом аз тарҳи мавсум ба «Исроили Бузург»-ро муҳаққақ накарда ва ҳатто агар тамоми ваҳшиҳои ҷаҳон дар канори он биистанд, наметавонанд муҳаққақ кунанд.