Низомиёни саҳюнист дар Лубнон: Чорае ҷуз фирор надорем  
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124826-Низомиёни_саҳюнист_дар_Лубнон_Чорае_ҷуз_фирор_надорем
Порс-Тудей. Расонаҳои саҳюнистӣ ба нотавонии артиши режими ишғолгар дар баробари паҳподҳои Ҳизбуллоҳ эътироф карданд.  
(last modified 2026-05-10T09:05:54+00:00 )
Май 10, 2026 14:04 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни режими саҳюнистӣ  
    Низомиёни режими саҳюнистӣ  

Порс-Тудей. Расонаҳои саҳюнистӣ ба нотавонии артиши режими ишғолгар дар баробари паҳподҳои Ҳизбуллоҳ эътироф карданд.  

Ба гузориши Порс-Тудей, низомиёни ишғолгари мустақар дар ҷануби Лубнон эътироф карданд, ки барои муҳофизат аз худ дар баробари паҳподҳои Ҳизбуллоҳ ба роҳкорҳои ибтидоӣ, аз ҷумла тӯрҳои моҳидорӣ рӯй овардаанд.  

Онҳо афзуданд бо ин усулҳо талош мекунанд таъсири инфиҷори паҳподҳои Ҳизбуллоҳро кам кунанд. Яке аз низомиёне, ки барои шашумин бор дар Лубнон ҳузур пайдо кардааст гуфт, ки саҳюнистҳо бо як таҳдиди доимӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Онҳо ҳеҷ роҳе барои муқобила бо ин паҳподҳо ҷуз фирор ба самти паноҳгоҳҳо надоранд.  

Ин низомии ишғолгар афзуд, садоҳои хатар, ки аз ҳамлаҳои паҳподӣ бармеоянд, дар тӯли рӯз чандин бор ба садо дармеоянд ва садои дронҳои навини Ҳизбуллоҳ ба душворӣ шунида мешавад. Бо вуҷуди матраҳ шудани иддаоҳо дар бораи пайдо кардани роҳкорҳои фаннӣ барои муқобила бо ин дронҳо, ҳеҷ низоми пешрафта ё абзорҳои пайгирии муассир вуҷуд надорад.