24 амалиёти Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеи ишғолгарони саҳюнист дар шабонарӯзи гузашта
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124888-24_амалиёти_Ҳизбуллоҳ_алайҳи_мавозеи_ишғолгарони_саҳюнист_дар_шабонарӯзи_гузашта
Порс Тудей — Муқовимати исломии Лубнон эълом кард: Дар шабонарӯзи гузашта Ҳизбуллоҳ 24 амалиёт алайҳи артиши ишғолгар дар хоки Лубнон анҷом додааст.
(last modified 2026-05-21T14:42:39+00:00 )
Май 21, 2026 19:35 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеи ишғолгарони саҳюнист
    Амалиёти Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеи ишғолгарони саҳюнист

Порс Тудей — Муқовимати исломии Лубнон эълом кард: Дар шабонарӯзи гузашта Ҳизбуллоҳ 24 амалиёт алайҳи артиши ишғолгар дар хоки Лубнон анҷом додааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дар силсилаамалиётҳои Ҳизбуллоҳ алайҳи мавозеи ишғолгарони саҳюнист ҳафт танки «Маркава» ва 2 булдозери низомӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин 12 ҳамла алайҳи таҷаммуи низомиён ва худравҳои артиши ишғолгар анҷом шудааст.

Як фаванд паҳподи «Ҳермес 450»-и душмани саҳюнистӣ низ дар осмони минтақаи марказӣ дар ҷануби Лубнон мавриди асобати мушаки падофандии Ҳизбуллоҳ қарор гирифт.

4 бор низ мақарҳои тозатаъсис ва тӯпхонаи артиши ишғолгар мавриди ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор гирифтанд.

Ин ҳамлаҳои талофиҷӯёна ба дунболи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон сурат мегирад, ки дар ҷараёни он 14 тан аз ҷумла 4 кӯдак шаҳид ва се тани дигар низ захмӣ шуданд.

Дар ин ҳамла шаҳраки «Дайр Қонун-ун-Наҳр» дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор гирифт.