Набиҳ Беррӣ: Тавофуқи Вашингтон таҳмилӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125026-Набиҳ_Беррӣ_Тавофуқи_Вашингтон_таҳмилӣ_аст
Порс Тудей — Раиси Парлумони Лубнон бо интиқоди шадид аз тавофуқи имзошуда дар Вашингтон, онро тавофуқе таҳмилӣ тавсиф ва таъкид кард: «Ин тавофуқ пеш нахоҳад рафт ва иҷро нахоҳад шуд».
(last modified 2026-06-29T05:48:04+00:00 )
Июн 29, 2026 10:45 Asia/Dushanbe
  • Набиҳ Беррӣ, раиси Парлумони Лубнон
    Набиҳ Беррӣ, раиси Парлумони Лубнон

Порс Тудей — Раиси Парлумони Лубнон бо интиқоди шадид аз тавофуқи имзошуда дар Вашингтон, онро тавофуқе таҳмилӣ тавсиф ва таъкид кард: «Ин тавофуқ пеш нахоҳад рафт ва иҷро нахоҳад шуд».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; Набиҳ Беррӣ, раиси Парлумони Лубнон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Ал-Ахбор» тавофуқи Бейрут ва Телавив бо миёнҷигарии Вашингтонро «дикта ва таҳмил» тавсиф кард ва гуфт, ки ин тавофуқ аз тавофуқи 17-уми майи 1983 низ ба маротиб бадтар аст.

Набиҳ Беррӣ ҳамчунин хостори парҳез аз ҳар гуна вокуниш ё таҳарруки хиёбонӣ шуд, ки мумкин аст барои кашондани кишвар ба чархаи ошӯб ва даргирии дохилӣ мавриди суиистифода қарор бигирад.

Беррӣ дар идома таъкид кард, ки хатарноктарин бахши ин тавофуқ танҳо ба муҳтавои сиёсии он маҳдуд намешавад, балки ба паёмадҳои эҳтимолии он дар доман задан ба шикофҳои дохилӣ ва кашондани лубнониҳо ба рӯбарӯӣ бо якдигар марбут аст; мавзуе, ки ба гуфтаи ӯ беш аз ҳар тарафе дар хидмати режими саҳюнистӣ қарор мегирад.

Ӯ таъкид кард: «Ин тавофуқ пеш нахоҳад рафт ва иҷро нахоҳад шуд. Ба ин шакл, ба танҳоӣ қобили иҷро нест».