Афзоиши худкуши дар миёни низомиёни саҳюнист; ду нафари дигар худкуши карданд
-
Афзоиши худкуши дар миёни низомиёни саҳюнист
Порс Тудей- расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ки бо худкушии ду саҳюнисти дигар шумори низомиёне, ки аз ибтидои сол то кунун худкуши карданд ба 16 нафар расида аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, рузномаи Ҳооротс чопи сарзаминҳои ишғоли навишт, ки ду низомии зани артиши режими манҳуси саҳюнистӣ дар ҳафтаи ҷорӣ дар натиҷаи худкуши ҷони худро аз даст доданд.
Ин рузнома ҳамчунин гузориш дод, ки аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун дасти кам 16 сарбози шоғил дар артиши режими саҳюнистӣ худкуши карданд.
Худкуши дар миёни сарбозон ва куҳнасарбозони режими саҳюнистӣ аз замони оғози ҷанг зидди Ғазза дар октиябри соли 2023 ба шиддат афзоиш ёфта аст.
Ин рузномаи режими саҳюнистӣ дар гузориши қаблии худ бедуни ироаи ҷузиёти бештар афзуд, ки 22 сарбози вазифаи артиши Исроил дар соли 2025 худкуши карданд, ки болотарин омори сабтшуда дар 15 соли гузашта аст.
Пештар худкушиҳои ахир дар миёни сарбозон ва куҳнасарбзони режими саҳюнистӣ ба осебҳои равонии марбут бо ҷанги ҷорӣ дар Ғазза аз ҷумла истиқрори тулонимуддат дар манотиқи ҷанги, мушоҳидаи саҳнаҳои ваҳшатнок ва аз даст додани дустон нисбат дода шуда аст.