Туркия ҳукми боздошти Натанёҳуро содир кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125448-Туркия_ҳукми_боздошти_Натанёҳуро_содир_кард
Порс тудей - Вазири додгустарии Туркия аз судӯри ҳукми боздошти барои нахуствазири режими саҳюнистӣ хабар дод.
(last modified 2026-08-21T15:33:39+00:00 )
Август 21, 2026 20:29 Asia/Dushanbe
  • Туркия ҳукми боздошти Натанёҳуро содир кард
    Туркия ҳукми боздошти Натанёҳуро содир кард

Порс тудей - Вазири додгустарии Туркия аз судӯри ҳукми боздошти барои нахуствазири режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Акин Гурлик-вазири додгустари(адлия)и Туркия , рӯзи ҷумъа дар шабакаи Х эълом кард, ки Туркия ҳукми боздошти байналмилалӣ барои Бинямин Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ ва як исроилии дигар  ба унвони бахше аз таҳқиқот дар мавриди тавқифи корвони киштиҳои «ас-Самуд », ки дар моҳи май ба самти навори Ғазза дар ҳаракат буд ва боздошти фаъолони ҳозир дар он , содир кардааст .
Вазири додгустарии Туркия таъкид кард : Иқдомоти қонунӣ бо қотеъияти комил дар мавриди ҳамла дар обҳои байналмилалӣ ба фаъолони « новгони ас-Самуд », ки барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ҳаракат карда буданд , дар ҳоли анҷом аст.