Январ 26, 2017 20:25 Asia/Dushanbe
  • Идомаи куштори мардуми Яман бо бомбҳои хӯшаии Арабистон

Мутаҷовизони Саудӣ дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба мардуми ғайринизомии Яман аз бомбҳои фосфорӣ ва хӯшаӣ истифода карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ ҳамроҳи воҳидҳои баҳрии ин кишвар рӯзи панҷшанбе бо ҳудуди 43 бомби фосфорӣ ва хӯшаӣ манотиқи кӯҳистонии вилояти Таъиз, ҷанубу ғарби Яманро ҳадаф қарор доданд. Як шаҳрванди Яман низ дар ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ба манотиқе дар шаҳри Бини Саъди вилояти Маҳвити Яман кушта ва як шаҳрванди дигар захмӣ шуд.

Вазорати дифои Англия, ахиран, эътироф кард, ин кишвар дар як қарордоди таслиҳотӣ 500 бомби хӯшаӣ ба Арабистони Саудӣ фурӯхтааст.

Арабистон бо ҳимояи Амрико ва Англия аз моҳи марти соли 2015 ҳамалоти худро болои мардуми Яман бо ҳадафи бозгардондани Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии ин кишвар оғоз кардааст. Дар ин ҳамалот ҳудуди 11 ҳазор яманӣ кушта шудааст.