Январ 29, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди тадобири амниятии режими Оли Халифа дар Манома

Вазорати умури дохилаи Баҳрайн дар чорчӯби ташдиди тадобири амниятӣ шумори зиёде аз нерӯҳои полисро дар вурудиҳои мухталифи минтақаи Аддароз, дар Манома мустақар кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, ба нақл аз рӯзномаи “Алвасат”-и Баҳрайн, Вазорати дохилаи Баҳрайн рӯзи шанбе низ монеи баргузории маросими намози ҷумъа дар масҷиди Имом Содиқ (а)-и минтақаи Аддароз шуда буд.

Нерӯҳои амниятии Баҳрайн аз рӯзи чаҳоршанбе то кунун бо қарор додани симҳои хордор, монеи вуруди мардум ба масҷиди Шайхи Дарвеш дар минтақаи Аддароз шудаанд.

Нерӯҳои амниятии Баҳрайн фақат ба сокинони минтақаи Аддароз пас аз ташхиси ҳуввият иҷозаи вуруд ба ин минтақаро медиҳанд.

Режими Оли Халифа дар июни соли 2016 шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади баҳрайниро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард.

Минтақаи Аддарози Манома маҳалли сукунати шайх Исо Қосим, ба дунболи бекор кардани тобеияти вай аз сӯйи нерӯҳои амниятии Баҳрайн аз 200 рӯзи пеш муҳосира шудааст.

 

Барчасп