Январ 29, 2017 21:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муҷаддади режими саҳюнистӣ бар мухолифат бо ташкили кишвари Фаластин

Режими саҳюнистӣ ба Ташкилоти худгардони Фаластин ва Урдун эълом кардааст, мавзуи роҳкори ташкили ду давлат тамом шудааст ва кишвари Фаластин ташкил нахоҳад шуд.

Режими саҳюнистӣ бо ирсоли номаҳои вижа аз тариқи фиристодаи вижаи худ, ки ахиран ба Ромуллоҳ ва Уммон сафар карда буд, тасреҳ кард, ки ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи ташкили кишвари Фаластинро нахоҳад дод .

Дар ҳамин росто, Соиб Ариқот, музокиракунандаи аршади фаластинӣ дар посух ба ин нома эълом кард, Ташкилоти худгардони Фаластин тасмими худ дар бораи ба расмият шинохтани режими саҳюнистиро пас хоҳад гирифт .

Таъкиди режими саҳюнистӣ бар мухолифат бо ташкили кишвари фаластинӣ беш аз пеш ин воқеиятро ошкор мекунад, ки ин режими тавсеаталаб дарсадади тазйии комили ҳуқуқи фаластиниҳост ва дар ин чорчуб ин режим ба роҳҳои мухталиф дарсадади мамониат аз ташкили кишвари фаластинӣ аст. Иқдомоти муҷаддади режими саҳюнистӣ дар мухолифати сареҳ бо ташкили кишвари мустақили фаластинӣ дар паи чароғи сабзҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико бори дигар таваҷҷуҳотро ба ин воқеият маътуф кардааст, ки сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар Фаластин бароянде аз тасмимоти Амрико ва режими саҳюнистии алайҳи фаластиниҳост. Ин мавзуъ умқи душманиҳои мақомоти амрикоӣ бо мардуми Фаластинро намоён мекунад.

Бетардид рӯйкарди байналмилалӣ дар ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дар солҳои ахир аз ҷумла иртиқои мавқеияти фаластиниён дар Созмони милал ва раванди пайвастани Фаластин ба ниҳодҳои мухталифи ин созмон ва низ барафрошта шудани парчами Фаластин дар мақарри Созмони милал ҳамагӣ нишонаҳое аз ҳимояти фазояндаи байналмилалӣ аз ҳуқуқи мардуми Фаластин аз ҷумла ҳаққи ташкили кишвари фаластинӣ аст. Фаластиниён дар соли 2012 иртиқои ҷойгоҳи Фаластин дар Созмони милали муттаҳидро ба даст оварданд. Иҷмои ҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи фаластиниҳо аз ҷумла ҳаққи ташкили кишвари фаластинӣ ва низ ҳаққи таъини сарнавишт ба маънои задани муҳри тайид бар иодаи ҳуқуқи ғасбшудаи мардуми Фаластин ва ҳамзамон ба маънои эътирози ҷаҳонӣ ба идомаи ишғолгарии Исроил аст .

Маҷмаи умумии Созмони милал дар солҳои гузашта бо аксарияти оро чандин қатънома дар ҳимоят аз ҳаққи миллати Фаластин дар таъини сарнавишти худро тасвиб кардааст. Созмони милал дар ин хусус чандин қатънома аз ҷумла қатъномаҳои шумораҳои 194, 394, 1604, 2154, 2672 ва 3070 содир кардааст. Дар қатъномаҳои мазкур бар ҳаққи миллати Фаластин дар таъини сарнавишт аз ҷумла доштани кишвари мустақили фаластинӣ таъкид шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳатто дар қатъномаи 181 Маҷмаи умумии Созмони милал низ бар ҳаққи ташкили кишвари мустақили фаластинӣ таъкид шуда ва дар муоҳидаи Осло дар соли 1993 низ ташкили кишвари фаластинӣ тайид шуда ва ин режим ба он мутааҳҳид шудааст.

Мавозеи ахири режими саҳюнистӣ дар чунин шароите беш аз пеш моҳияти зидди ҳуқуқӣ, зидди сулҳ ва ҷангталабонаи ин режимро ошкортар кардааст. Ин мавзуъ ҳамчунин баёнгари он аст, ки тавтеаҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи фаластиниҳо дар моҳҳои ахир ошкортар шудааст.

Бетардид рафторҳои созишкоронаи Ташкилоти худгардони фаластинӣ ва дилхуш кардани мақомоти он ба раванди созиш низ натиҷае ҷуз фазосозӣ барои тазйии бештари ҳуқуқи фаластиниҳо надошта ва аз ин рӯ бознигарӣ дар чунин рафторҳое беш аз пеш зарурӣ аст  .

 

Барчасп