Январ 31, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Алазҳари Миср ба куштори мусалмонон дар Канада

Шайх Алазҳар куштори мусалмононро дар масҷиде дар Канада маҳкум кард.

Ба иттилои Ирно, Шайх Аҳмади Тайиб Шайх Алазҳар рӯзи сешанбе дар баёнияе бо маҳкум кардани ҳамлаи мусаллаҳона ба масҷиди шаҳри Кебек дар шарқи Канада гуфт: Ҳамаи адён рехтани хуни шаҳрвандонро ҳаром кардаанд .

Шайх Алазҳар таъкид кард, ҳамла ба масоҷид ба интишори фитна, нафрат ва нажодпарастӣ мунҷар мешавад ва заминаи терроризм ва ифротгароиро фароҳам мекунад .

Вазорати умури хориҷаи Миср ҳам ҳамлаи мусаллаҳона ба масҷиди шаҳри Кебекро маҳкум кард .

Дар ҳамлаи террористии якшанбе шаб ба масҷиди шаҳри Кебек, шаш мусалмони намозгузор кушта ва ҳашт нафар захмӣ шуданд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим гузориш шудааст .

Ду фарди мазнун дар робита бо ин иқдоми террористӣ боздошт шудаанд .

 

Барчасп