Арабистон аз эҳтимоли кудато дар Иморот хабар дод
Раиси Созмони иттилооти Арабистон аз вуҷуди тарҳи кудатои қарибулвуқуъ дар Иморот хабар дод.
Ба иттилои Исно, Холид ибни Алӣ ибни Абдуллоҳ Алҳамидон, раиси Созмони иттилооти кул ва узви Шӯрои умури сиёсӣ ва амниятии Арабистон дар гуфтугӯ бо BBC-и арабӣ гуфт: Шавоҳид дар марҳалаи кунунӣ нишон медиҳад, ки тарҳе барои кудатои қарибулвуқуъ дар Иморот алайҳи Шайх Муҳаммад Ибни Зоид Ол Наҳён, валиаҳди Абузабӣ вуҷуд дорад .
Алҳамидон афзуд: Тамомии таҳлилгарони сиёсӣ пешбинӣ кардаанд, Султон ибни Зоид ибни Султон Оли Наҳён, писари дуввуми амири Иморот ба зудӣ дарсадади кудато алайҳи бародари бузургтари худ ва валиаҳди Абузабӣ бар хоҳад омад .
Ин кудато дар паи ихроҷи Султон ибни Зоид ибни Султон Оли Наҳён аз фармондеҳии олии нерӯҳои мусаллаҳи Иморот ва муовинати нахуствазирӣ ба дастури валиаҳди Иморот будааст .
Ин гузориш, ки токунун ҳеч як аз мақомоти Саудӣ ва масъулони BBC ба он вокунише нишон надодаанд, меафзояд: Амрикоиҳо дар талошанд, то аз кудато алайҳи Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ҷилавгирӣ кунанд .