Феврал 01, 2017 20:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи лубнонӣ: Арабистон дар ҳамаи арсаҳо аз Эрон шикаст хурд

Рӯзномаи лубнонии Алниҳор навишт: Арабистони Саудӣ дар соли 2016 дар ҳамаи арсаҳои рақобати минтақаӣ бо Эрон шикаст хурд ва пешбинӣ мешавад, шикастҳояш дар соли 2017 низ такрор шавад.

Рӯзномаи лубнонии Алниҳор навишт: Дуели Арабистон бо Эрон барои сайтара бар минтақа ва ворид шудани он кишвар ба ҷангу кашмакашҳои сиёсӣ, ки тавоноии баранда шудан дар онро надорад, Арабистонро дар баробари як гузина қарор дод ва он қабули шикаст ё қабули созиш аст.

Бар асоси ин гузориш, Арабистон ҳамчунин натавонист монеъ шавад, ки Ҳизбуллоҳ ба унвони ҳампаймони сиёсӣ ва низомии муҳими Башшор Асад, Мишел Аунро дар Лубнон ба раёсатҷумҳурӣ бирасонад ва маҷбур шуд, ба таври зимнӣ ин воқеиятро бипазирад ва ӯро ба Арабистон даъват кунад .

Рӯзномаи Алниҳор дар бораи ҷанги Арабистон дар Яман низ навишт: Ҷанге, ки дар ибтидо тасаввур ме‌шуд, тафреҳ хоҳад буд, наздик ба ду сол тӯл кашида ва Арабистонро дар худ гирифтор кардааст .

Бар асоси ин гузориш, Арабистон акнун ба дунболи роҳбурде барои хуруҷ аз Яман ва ҳифзи обруи худ аст, бидуни онки битавонад ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро шикаст диҳад .

 

Барчасп