Феврал 04, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Эътирозҳои  мардуми Баҳрайн дар атрофи манзили Шайх Исо Қосим

Бо вуҷуди ҳавои сард дар Баҳрайн, мардуми инқилобии ин кишвар ҳамчунон дар атрофи манзили шайх Исо қосим, рӯҳони аршади баҳрайнӣ, дар минтақаи Аддироз ба таҳасуни худ идома медиҳанд.

Ба гузориши ИРНА, эътирозкунандагон бо хобидан дар хиёбон ва кӯчаҳои атрофи манзили шайх Исо Қосим дар ҳавои сард, зимн таъкид бар тадовуми эътирозҳои худ ба муҳокимаи ғайбии рӯҳонии аршади Баҳрайн, лағви он ва таҳаққуқи демократия дар ин кишварро хостор шуданд.

Минтақаи Аддирози Баҳрайн аз соли 1395 (шамсӣ) шоҳиди тазоҳуроти густурда дар маҳкумияти салби тобеият ва муҳокимаи шайх Исо Қосим аст ва мақомоти Баҳрайн дар ин муддат иҷозаи баргузории намози ҷумъа дар ин минтақаро надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятии Баҳрайн теъдоде аз занони минтақаи Аддирозро бидуни зикри далел эҳзор карданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, худравҳои низомии Баҳрайн, чанд рӯз пас аз боздошти теъдоде аз занон ба далели таҷаммӯъи мусоламатомез, зӯҳри панҷшанбе иқдом ба тавзеъи баргаҳои эҳзория дар минтақаи Алдир карданд.

Барчасп