Дидори Башор Асад бо ҳайате аз Думои Русия
Раисиҷумҳури Сурия дар дидор бо ҳайате аз маҷлиси Думои Русия гуфт, авзои Сурия ҳамонтавр, ки Димишқ ва Маскав барномарезӣ карда буданд, дар ҳоли пешравӣ аст.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (СОНО), Башор Асад-раисиҷумҳури Русия гуфт, миллати Сурия бар дифоъ аз кишвари худ ва идома ёфтани оштии миллӣ ба унвони муваффақтарин шеваи поён додан ба ҷанг таъкид мекунанд.
Башор Асад нақши Русияро дар Сурия барои муқобила бо тарҳҳои Ғарб ва дифоъ аз манофеи миллати Сурия, муҳимм донист ва аз мавозеи Маскав дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия қадрдонӣ кард.
Ҳайати русӣ низ дар ин дидор бар ҳимояти Русия аз миллати Сурия ва тасмимҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҷанг бо терроризм таъкид кард.