Феврал 13, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи музокироти Остона дар чорчӯби тарҳи Эрон, Русия ва Туркия

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, музокироти ояндаи Остона дар бораи Сурия, 15 феврал дар чорчӯби тарроҳи шудаи Эрон, Русия ва Туркия баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров рӯзи душанбе дар конфронси матбуотии муштарак бо вазири умури хориҷаи Муғулистон дар Маскав, гуфт, дар нишасти сеюми Остона, ки чаҳоршанбе ҳамини ҳафта оғоз мешавад, намояндагони давлати Сурия ва он даста аз гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф, ки муоҳидаи оташбас ва муборизаи муштарак бо ДИИШ, Ҷабҳаи Аннусра ва гурӯҳҳои террористии ҳамроҳ онҳоро имзо кардаанд, ширкат мекунанд.  

Лавров тасреҳ кард, дар нишасти ояндаи Остона Стаффан де Мистура- намояндаи дабири кулли Созмони милал дар Сурия, даъват шуда ва намояндаи Амрико низ ба унвони нозир ширкат мекунад.

Вазири хориҷаи Русия гуфт, бар ин боварем, ки бояд аз нишастҳои Остона барои назорат бар раванди иҷрои тааҳҳудоти тарафҳои даргир дар Сурия истифода кард.

Даври дуввуми музокироти чандҷонибаи Остона 23 ва 24 январ ба ибтикори Эрон, Русия ва Туркия бо ҳузури намояндагони давлат ва гурӯҳҳои мусаллаҳ баргузор шуд ва барои аввалин бор намояндагони давлати қонунии Сурия рӯ дар рӯ, бо намояндагони мухолифони мусаллаҳ музокира карданд.

Оташбаси фарогири кунунӣ дар Сурия аз 30 декабр бо тарроҳии Эрон, Русия ва Туркия барқарор шуда ва дар қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал низ мавриди таъйд қарор гирифтааст.

Барчасп