Феврал 13, 2017 20:02 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фаластиниён ба тасвиби Қонуни пахши азон дар кобинаи Исроил

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе иқдоми кобинаи режими саҳюнистиро дар робита ба тасвиби пешнависи Қонуни мамнӯияти пахши азон дар Қудс маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҳамос шомгоҳи якшанбе дар баёнияе эълом кард, пешнависи Қонуни мамнӯияти пахши азон дар Қудс дар чорчӯби идомаи сиёсатҳои режими саҳюнистӣ барои маҳви ҳувияти арабӣ-исломии миллати Фаластин ва низ кӯчондани фаластиниён аз сарзамини худ ба тасвиб мерасад. Дар ин баёния омадааст, сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ ҳаргиз наметавонад пеши миллати Фаластинро бигираду монеъ аз пойбанди онон ба ҳуқуқу ҳувияти хеш шавад. Ин миллат ҳамчунон ба мубориза барои озодсозии сарзамини худ идома медиҳад.

Юсуф Маҳмуд, сухангӯи Ҳукумати Вифоқи Миллии Фаластин ҳам зимни маҳкум кардани иқдоми кобинаи режими саҳюнистӣ дар робита ба тасвиби пешнависи Қонуни мамнӯияти пахши азон дар Қудс таъкид кард, тасвиби ин қонун тааррузи хатарнок ба озодӣ, ибодат ва шаҳри Қудс ба унвони пойтахти кишвари Фаластин аст. Маҳмуд афзуд, масъулияти таҳмили ин қонуни золимона ва хатарнок дар робита ба мамнӯияти воҷиботи динии пайравони динҳои осмонӣ ба уҳдаи режими саҳюнистӣ аст. Сухангӯи Ҳукумати Вифоқи Миллии Фаластин аз ҳама кишварҳои ҷаҳон хост, иқдоми фавриеро барои муқобила бо ин бартариҷӯии режими ишғолгари Қудс роҳандозӣ карда, ҷилави ин иқдоми хатарнокро бигиранд.

Кумитаи Вазорати умури қонунгузории режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе нусхаи ислоҳшудаи пешнависи Қонуни мамнӯияти пахши азонро дар Қудс ба тасвиб расонд, то заминаи матраҳ кардани он дар Кнессет фароҳам гардад. Бар асоси ин қонун, истифодаи баландгӯҳои масҷидҳо барои пахши шиорҳои динӣ аз соати 23 то соати 7 дар Қудс мамнӯъ аст ва масоҷиде, ки аз риояти ин қонун (пас аз тасвиб ниҳоии он) сарпечӣ мекунанд, 1200 доллар ҷарима хоҳанд шуд.

Режими саҳюнистӣ тайи даҳа‎ҳои ахир талош‎ҳои бисёре барои тағйири ҳувияти исломии Қудси Шариф анҷом додааст, ки Қонуни манъи пахши азон яке аз талошҳои охирини ин режим аст. Дар ҳамин ҳол, Масъуд Ғнаим, намояндаи араби Кнессет, парлумони режими саҳюнистӣ эълом кард, дар чорчӯби иқдомоти нижодпарастонаи режими саҳюнистӣ, ахиран, панҷ қонуни нижодпарастонаи зидди фаластиниёни сокини манотиқи ишғолии соли 1948 тасвиб шуда, ки муҳимтарини онон қонун дар бораи ихроҷи касоне аст, ки иқдом ба ҳимоят аз муборизаи мусаллаҳона бо ин режим кардаанд. Ғнаим афзуд, дувумин қонуни тасвибшуда дар Кнессет бобати ташдиди маҳдудиятҳои намояндагони Кнесснет ва ё ҷилавгирӣ аз ҳаққи ибрози ақида, ё интихоби онҳо дар сурати додани изҳороти зидди мақомоти режими саҳюнистӣ аст. Узви араби парлумони режими саҳюнистӣ гуфт, сеюмин қонун дар бораи контроли шадиди муассиса ва созмонҳои фаластинӣ буда, қонуни чаҳорум дар бораи пайвастани шаҳракҳои саҳюнистнишини Каронаи Бохтарии руди Урдун ба Қудси ишғолӣ ва қонуни панҷум дар бораи ҷилавгирӣ аз пахши азон дар Қудсу манотиқи фаластининишин аст.

Кнессет бо тасвиби чунин қавонин кӯшиш мекунад, фаластиниҳои сокини манотиқи ишғолии соли 1948-ро маҷбур ба кӯчидан кунад.

 

Барчасп