Истиқболи Сурия аз истиқрори сулҳ дар ин кишвар
(last modified Sun, 19 Feb 2017 06:47:16 GMT )
Феврал 19, 2017 11:47 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Сурия аз истиқрори сулҳ дар ин кишвар

Нахуствазири Сурия барои баррасии ҳартарҳе, ки сулҳро дар ин кишвар барқарор кунад, эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Имод Хамис рӯзи шанбе гуфт, давлати Димишқ омодаи баррасии ҳартарҳе аст, ки боиси таваққуфи хунрезӣ дар Сурия ва коҳиши мушкилоти мардуми ин кишвар шавад.

Вай афзуд, давлати Сурия аз ҳар ибтикоре, ки битавонад сулҳ ва оромишро ба ин кишвар боз гардонад истиқбол мекунад, аммо қатъан то замоне, ки террористҳо дар Сурия бошанд, ҳеҷ гуфтугӯ ва музокирае ба натиҷа нахоҳад расид.

Нахуствазири Сурия пештар ҳам гуфта буд, Димишқ омодаи пазириши мухолифоне аст, ки хоҳони бозгашт ба ин кишвар ҳастанд.

Сеюмин давр аз музокироти сулҳи Сурия дар Остона- пойтахти Қазоқистон панҷшанбеи гузашта, бидуни судури баёнияи поёнӣ баргузор шуд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла Туркия барои сарнагун кардани давлати қонунии Димишқ оғоз шудааст.