Шӯҷоати афсари Ироқӣ дар муқобили ҷаллоди ДИИШ (акс)
Гурӯҳи террористии ДИИШ барои ваҳшат афкандан миёни мардуми Ироқ интишори видеоҳои эъдоми низомиёни ироқиро аз сар гирифтааст, аммо шӯҷоати афсари ироқӣ ҳангоми шаҳодат нақшаҳои ДИИШ-ро хунсо кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Асри Эрон”, гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи чаҳоршанбе видеоеро мунташир кард, ки нишон медиҳад, ҷаллоди ин гурӯҳ сари як афсари марзбони Ироқро аз танаш ҷудо мекунад ва як марзбони дигарро дар хандақе, ки ба эҳтимоли зиёд ба дасти худаш канда шуда буд, бо зарби гулӯла ба шаҳодат мерасонад.
Афсари ироқие, ки ҷаллоди ДИИШ сари ӯро аз баданаш ҷудо мекунад, Абубакр Аббос Ёсин ал-Сомроӣ ном дорад ва аз аҳли суннат аст, аммо ДИИШ ӯро танҳо Аббос Ёсин муаррифӣ карда, то ӯро шиа ҷилва диҳад ва иддао кунад, ки фақат бо шиаёни Ироқ меҷангад.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори тасвири ин афсари шаҳиди ироқӣ ӯро "намунаи Ироқи якпорча ва муттаҳид" хонда, ДИИШ-ро ба талош барои эҷоди фитнаи мазҳабию қавмӣ дар Ироқ муттаҳам карданд. Онон ҳамчунин шӯҷоати ин сарбозро таҳсин карданд, ки то охирин лаҳза сари худро дар баробари ҷаллодон поин наовард.
Бо пирӯзиҳои нерӯҳои ироқӣ ДИИШ бори дигар ҷиноёти ваҳшёнаи худро бо ҳадафи ҳаросафканӣ миёни мардум шиддат бахшидаанд.

