Феврал 25, 2017 20:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба Яман

Низомиёни Арабистон бо бомбаборони устони Таъизи Яман, панҷ кӯдакро ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасира, ҳавопаймоҳои Саудӣ, субҳи рӯзи шанбе бо ҳамла ба устони Таъиз панҷ кӯдакро ба шаҳодат расонданд. Ҳамчунин дар ҳамла ҳавоии Арабистон ба хонае дар минтақаи Ҳифони устони Зимор (маркази Яман) ду кушта ва 9 захмӣ ба ҷо гузошт.

Хабари дигар аз Яман ҳокист, мудири иҷрои Шӯрои гардишгарии Яман, эълом кард, таҷовузи низомии Арабистон беш аз 4 миллиард доллар ба санъати гардишгарии Яман хисорат ворид кардааст. Абдурраҳмон Нуъмӣ изҳор дошт, тахриби 200 маркази гардишгарии Яман аз сӯи Арабистон, болиғ бар 4.5 миллиард доллар хисорат ворид сохта ва бар асари он, 80 то 95 дарсади коркунон шуғли худро аз даст додаанд.

Вай тадовуми таҷовузи Арабистон ба Яманро таҳдиде барои мероси фарҳангӣ ва торихии ин кишвар, ки дар Созмони ЮНЕСКО ба сабт расида донист ва хостори иқдоми фаврии созмонҳои байналмилалӣ ва озодагони ҷаҳон, барои поён додан ба таҷовуз ва муҳосира Яман тавассути Арабистон шуд.

Ҷанги Оли Сауд зидди мардуми Яман, дар тайи дусоли гузашта беш аз 38 ҳазор яманӣ кушта ва захмӣ дошта ва сабаби тахриби зерсохтҳо ва оворагии миллионҳо ғайринизоми яманӣ, ба вижа занон ва кӯдакон шудааст.

 

Барчасп