Феврал 26, 2017 14:32 Asia/Dushanbe
  • Хашми Алазҳар аз куштори масеҳиён дар Миср

Донишгоҳи Алазҳари Миср куштори масеҳиёни ин кишварро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузори РАСО, Алазҳари Миср дар паёме бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ба масеҳиёни сокини Синои шимолӣ, ки ба кушта ва захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми ин кишвар мунҷар шуд, таъкид кард, террорист‎ҳо бо ин гуна иқдомот наме‎тавонанд, ваҳдати миллии Мисрро барҳам бизананд.

Алазҳар дар паёми худ овардааст, куштори инсон‎ҳои бе‎гуноҳ дар дини Ислом ҳаром аст ва ҳамаи адёни илоҳӣ, ин гуна иқдомоти террористиро маҳкум ме‎кунанд, чаро ки хилофи мабодии ахлоқӣ ва инсонӣ аст.

Мақомоти мисрӣ чаҳоршанбеи гузашта аз кушта шудани ду масеҳии мисрӣ   дар Синои шимолӣ хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳафт масеҳии мисрӣ, тайи се ҳафтаи гузашта дар ҳаводиси мухталифи шаҳри ал Ариш ба дасти афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расиданд.

Дар пайи ин кушторҳо даҳҳо хонаводаи масеҳӣ аз шаҳри ал Ариш дар устони Синои шимолии Миср фирор кардаанд.

11 декабри соли гузашта, низ террористҳои ДИИШ ба калисои қибтии Қоҳира, ҳамла карданд ва 29 нафарро куштанд.

Барчасп