Март 01, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Туркия ҳимояти Эрон дар шаби кудаторо фаромӯш намекунад

Вазири умури хориҷаи Туркия, равобити кишвараш ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бародарона тавсиф кард ва гуфт: Анқара ҳаргиз ҳимояти Эрон аз давлат ва миллати Туркияро дар шаби кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 фаромӯш нахоҳад кард.

Мавлуд Човушуғлу вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи чаҳоршанбе дар  ҳошияи иҷлоси Созмон ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар Исломобод дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА афзуд: Муҳаммадҷаводи Зариф вазири хориҷаи Эрон дар шаби кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 то субҳ ҳамроҳи мо бедор буд ва он шаб то субҳ чаҳор бор бо ман тамос гирифт ва Туркия ҳамеша қадрдони ин таваҷҷуҳи арзишманд хоҳад буд.

Мавлуд Човушуғлу тасреҳ кард: Эрон ва Туркия дар мавзӯъҳои мухталифи минтақаӣ тафоҳум ва иштироки назар доранд ва ду кишвар барои тақвияти ин равобит ниёзманди гуфтугӯҳои бештар ва пешгирӣ аз эҷоди фазои сӯитафоҳум ҳастанд.

Човушуғлу бо баёни инки раиси ҷумҳурии Туркия ҳеҷ фурсатеро барои гуфтугӯ бо раиси ҷумҳурии Эрон аз даст намедиҳад, гуфт: Ҳасани Руҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркия дар ҳошияи иҷлоси Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар Исломобод дидор ва дар хусуси равобити дуҷониба, масоили минтақаӣ ва ба вижа Ироқ ва Сурия гуфтугӯ мекунанд.

 

Барчасп