Путин: Мухолифони сурӣ ба баргузории дидор дар Остона умедворанд
Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки мухолифони сурӣ умедворанд, дидори ҷадид дар Остона, дар авосити март баргузор шавад.
Ба гузориши шабакаи Русия ал Явм, Владимир Путин дар тамоси телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев- раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки гурӯҳҳои мухолифи сурӣ тасмим доранд, нишасти баъдӣ дар Остона, дар миёнаҳои март баргузор шавад.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон низ омодагии худро барои баргузории чунин нишасте эълом кард.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи шанбе гуфт, ки Русия даст ёфтан ё даст наёфтан ба тавофуқ бо Амрико дар бораи мубориза бо ДИИШ, ба муборизаи худ идома медиҳад.
Пеш аз ин як манбаъи огоҳ эълом карда буд, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико тасмим дорад, бастани қарордоде бо Русия дар бораи ҷанги муштарак зидди ДИИШ-ро ба таъвиқ биандозад.