Устондории Мусил озод шуд
(last modified Tue, 07 Mar 2017 10:58:58 GMT )
Март 07, 2017 15:58 Asia/Dushanbe
  • Устондории Мусил озод шуд

Размандагони ироқӣ субҳи имрӯз бо юриш ба мавозеи террористҳо тавонистанд контроли муҷтамаи идорӣ ва давлатии ин шаҳрро дар даст бигиранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар идомаи набарди нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ барои бозпасгирии ин шаҳр аз чанголи гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ, манобеи хабарӣ аз тасаллути нерӯҳои мусаллаҳи ироқӣ бар шуморе аз манотиқ ва сохтмонҳои давлатӣ дар ғарби Мусил хабар доданд ва эълом карданд, бинои устондории Мусил озод шудааст.

Сарлашкар Абдуламир Рашид Ёруллоҳ, фармондеҳи амалиёти Найнаво гуфт,  размандагони ироқӣ субҳи имрӯз бо юриш ба мавозеи террористҳои такфирии ДИИШ дар бахшиАлайман тавонистанд бо пешравии қобили тавваҷуҳ, назорати муҷтамаи давлатии ин шаҳрро дар даст бигиранд.

Дар ин амалиёт нерӯҳои ироқӣ 135 террористро ба ҳалокат расониданд ва 156 бомабро хунсову 24 худрави бомбагузоришударо шиносоӣ карданд.

Телевизиони “Алолам” ба нақл аз манобеъ дар Ироқ гузориш дод, Музеи осори бостонӣ дар ғарби Мусил низ озод шудааст.