Март 09, 2017 12:45 Asia/Dushanbe
  • низомиёни саҳюнист
    низомиёни саҳюнист

Низомиёни саҳюнист дар рӯзи ҷаҳонии зан, яке аз намояндагони зани Маҷлиси қонунгузории Фаластинро боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории Қудс, низомиёни саҳюнист рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо рӯзи ҷаҳонии зан, Самира Ҳалоиқа-узви Маҷлиси қонунгузории Фаластин аз Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро боздошт карданд.

Саҳюнистҳо Самира Ҳалоиқаро дар хонааш дар шаҳраки ал Шуюх дар шимоли ал Халил боздошт карданд.

Режими саҳюнистӣ пас аз рӯйи коромадани давлати Доналд Трамп дар Амрико, боздошти шаҳрвандони фаластиниро шиддат додааст.

Низомиёни саҳюнистӣ рӯзи душанбе низ ду намояндаи вобаста ба Ҳамос ва як фармондеҳи ин ҷунбишро дар Байтуллаҳм, боздошт карданд.

Аз сӯи дигар, рӯзи чаҳоршанбе семинари занони фаластинӣ, ки қарор буд ба муносибати рӯзи ҷаҳонии зан дар маркази шаҳри Қудс баргузор шавад, ба дастури Гилод Ордон-вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ лағв шуд.

Семинари занони фаластиниро ҳар сола, ҷамъияти занони Фаластин баргузор мекунад.

 

Барчасп