Март 09, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Фирори Абубакри Бағдодӣ ба биёбонҳои дурафтодаи марзи Сурия

Манобеи иттилоотии Ироқ эълом карданд, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ аз Мусил гурехта ва ба биёбонҳои дурафтода дар марзи Сурия паноҳ бурдааст.

Ба гузориши ИРНА, мақомҳои ироқӣ ва амрикоӣ муътақиданд, ки Абубакри Бағдодӣ Мусилро тарк кардааст ва ҳамакнун амалиёти Мусил аз сӯйи саркардаҳои раддаи дувуми ин гурӯҳи террористӣ идора мешавад.

Манобеи иттилоотии амрикоӣ ва ироқӣ мегӯянд, ки мунташир нашудани баёнияҳои расмӣ аз сӯйи фармондеҳи гурӯҳи террористии ДИИШ ва хисоратҳои сангине, ки ДИИШ дар Мусил то кунун мутаҳаммили он шуда, баёнгари он аст, ки Бағдодӣ Мусилро тарк кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ дар пойгоҳҳои низомии ин гурӯҳи террористӣ ба сар намебарад, балки ба манотиқи қабиланишини шимоли рӯди Фурот рафтааст.

Масъулони иттилоотии амрикоӣ ва ироқӣ мегӯянд, ки саркардаи ДИИШ аз авоили моҳи ноябри соли гузашта, пас аз оғози амалиёти озодсозии Мусил ҳеч гуна баёнияе содир накардааст.

 

Барчасп