Август 06, 2016 18:19 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз авзои вахими Ғазза

Дар ҳоле, ки режими саҳюнистӣ дарсадад аст, бо дар ҳошия қарор додани мавзуи муҳосираи Ғазза сиёсатҳои золимонаи худ дар ин минтақаро бо фироқи осуда тадовум бахшад, аммо вокунишҳои ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз сокинони Ғазза ва расад табаоти маргбори режими саҳюнистӣ дар Ғазза тавассути афкори умумӣ аз нокомиҳои режими саҳюнистӣ дар найл ба аҳдофи султаҷуёнааш ҳикоят дорад.  

Дар ин чорчуб иқдомоти режими саҳюнистӣ дар идомаи сиёсатҳои ҷангталабонаи худ зидди фаластиниён ва ташдиди муҳосираи Борикаи Ғазза ва таҳаррукоташ ҷиҳати тангтар кардани ҳалқаи муҳосираи ин минтақаи ҷангзада вокунишҳои байналмилалиро дар пай доштааст.  

Гуфтанӣ аст, режими саҳюнистӣ эълом кардааст, ки муҳосираи Борикаи Ғаззаро бо девори зеризаминӣ ташдид хоҳад кард ва муҷаввизи сохти ин деворро Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ содир кардааст.

Дар чунин шароите Мамаду Соу, намояндаи Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар маросими фориғултаҳсилии шуморе аз донишҷӯёни фаластинӣ дар Донишгоҳи исломии Ғазза, бо ишора ба вахомати авзои инсонӣ дар ин минтақа, иҳтимоми бештари ҷомеаи байналмилалӣ барои лағви муҳосираи Ғаззаро хостор шуд.

Мамаду Соу бо ёдоварии вазъияти бисёр буҳронии Борикаи Ғазза ва афзоиши нархи фақр ва бекорӣ гуфт, мардум барои идомаи зиндагӣ бо хатарот ва таҳдидоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд.

Режими саҳюнистӣ, ки аз соли 2007 муҳосираи Борикаи Ғаззаро ташдид кардааст, ҳамчунон аз вуруди таҷҳизот ва маҳмулаҳои сӯхт ва колоҳои асосӣ ба ин минтақаи пурҷамъият мамониат мекунад ва авзои вахими Ғазза занги хатарро дар мавриди бурузи як фоҷеаи инсонӣ ба садо даровардааст.  

Дар ин замина чанде пеш Конфронси тиҷорат ва тавсеаи милали муттаҳид дар гузориши худ дар бораи Фаластин ҳушдор дод, бо тавваҷуҳ ба муҳосира ва ҳамалоти мукаррари артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ин минтақа то соли 2020 мумкин аст, ба минтақае ғайри қобили сукунат табдил шавад.

Тадовуми иқдомоти зиддиинсонии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин назири муҳосираи Ғазза ва низ тааррузоти мукаррари ин режим ба Ғазза ва ҳамалоти ҳамаҷонибаи адворӣ ба Ғазза, ин минтақаро дар шароити буҳронӣ қарор додааст.

Режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир илова бар муҳосираи Ғазза, се ҷангро низ ба мардуми ин минтақа таҳмил кардааст. Севвумин ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза (ҷанги 50 рӯза) дар соли 2014 ба монанди ҷангҳои қаблии ин режим алайҳи ин минтақа (ҷанги 22 рӯза ва 8 рӯза) вайронгариҳои густардаеро ба бор овардааст.  Иқдомоти хушунатбори режими саҳюнистӣ амалан шароити тоқатфарсоеро барои сокинони Ғазза рақам задааст ва мақомоти байналмилалӣ борҳо бо ироаи гузоришҳо ва ё мавзеъгириҳое нигаронии худро дар хусуси вазъияти фоҷеабори ин минтақаи ҷангзада ва табаоти маргбори ношӣ аз муҳосираи Ғазза эълом кардаанд.   

Дар ҳоле, ки афкори умумӣ хостори мудохилаи ҷиддии байналмилалӣ дар хусуси буҳрони Фаластин ва рафъи масоиби мардуми Фаластин аст, аммо давлатҳои ғарбӣ дар ин замина сукут ихтиёр кардаанд ва ба гунае рафтор кардаанд, ки гуё иттифоқе наафтодааст.  

Бештари расонаҳои ғарбӣ низ ба пайравӣ аз сиёсатҳои давлатҳояшон, ки аз ҳомиёни режими саҳюнистӣ маҳсуб мешаванд, таҳти шуои нуфузи саҳюнизми ҷаҳонӣ ва илқооти он умдатан ахбори марбут ба Фаластин бавижа мавзуи табаоти муҳосираи Ғазза тавассути режими саҳюнистиро таҳти пушиш қарор намедиҳанд.  

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир садҳо фаластинӣ бар асари табаоти маргбори ҳосил аз муҳосираи Ғазза ҷони худро аз даст додаанд. Дар чунин шароите тадовуми тааллули маҷомеи байналмилалӣ бавижа Созмони милал дар бархурди ҷиддӣ бо режими саҳюнистӣ низ амалан фурсати лозимро ба ин режим ҷиҳати тадовуми ҷиноёташ алайҳи фаластиниён фароҳам кардааст.