Музокироти Остона ба муддати як рӯзи дигар тамдид шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i14636-Музокироти_Остона_ба_муддати_як_рӯзи_дигар_тамдид_шуд
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз тамдиди як рӯзаи даври сеюми музокироти Остона хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 15, 2017 18:44 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Остона ба муддати як рӯзи дигар тамдид шуд

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз тамдиди як рӯзаи даври сеюми музокироти Остона хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати умури хориҷаи Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, даври сеюми музокироти сулҳи Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба далели вуруди ҳайъати муоризони Сурия, ба муддати як рӯзи дигар тамдид шудааст ва фардо низ идома хоҳад ёфт .

Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар музокироти Остона гуфт, гуфтугӯҳои фардо (16 март) бо меҳвари низомӣ идома хоҳад ёфт ва қарор аст, маконҳои дақиқи террористҳо дар Сурия ва ҳамчунин муоризони мусаллаҳ мушаххас шавад .

Бар асоси ин гузориш, ҳайъати муоризони мусаллаҳи Сурия, шомили 7 намоянда аз ҷибҳаҳои шимол ва ҷануби ин кишвар қарор аст, имрӯз чаҳоршанбе вориди Остона шаванд .

Даври нахусти музокироти сулҳи Сурия 23 ва 24 январ ва даври дуввум 15 ва 16 феврали 2017 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд .

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон аз ҷумла Туркия барои сарнагун кардани давлати қонунии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шудааст .