Март 16, 2017 17:00 Asia/Dushanbe
  • 12 ҷасад то кунун аз гӯри ҷамъии кохҳои Тикрит хориҷ шудааст.
    12 ҷасад то кунун аз гӯри ҷамъии кохҳои Тикрит хориҷ шудааст.

Вазорати беҳдошти Ироқ аз кашфи гӯри ҷамъии қурбониёни куштори пойгоҳи Спайкер ба дасти ДИИШ дар кохҳои Тикрит, дар вилояти Салоҳуддини Ироқ хабар дод

Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯёни Эрон, (ИСНА), Зайд Алӣ Аббос, аз мудирони Вазорати беҳдошти Ироқ эълом кард, 12 ҷасад то кунун аз гӯри ҷамъии кохҳои Тикрит хориҷ шудааст .

 Давлати Ироқ соли гузашта аз гӯрҳои ҷамъӣ дар кохҳои раёсати ҷумҳурӣ дар Тикрит беш аз ҳазор ҷасад хориҷ кардааст .

 Гурӯҳи террористии ДИИШ июни соли 2014 дар ҳамла ба манотиқи шимолӣ ва ғарбии Ироқ, ба вижа дар вилояти Салоҳуддин ҳазору 700 донишҷӯи донишкадаи низомии Спайкерро ба тарзи ваҳшиёнае қатли ом кард .

 Аз сӯйи дигар, Яҳё Расул, сухангӯи нерӯҳои муштараки ироқӣ дар Мусил гуфт, Созмони иттилооти Ироқ аз наздик фаъолияти Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ ро контрол мекунадва нерӯҳои ироқӣ билофосилаи пас аз итилоъ аз маҳалли пинҳон шудани ӯ, вайро ҳадаф мегиранд .

 Чанде пеш Ҷавод Атталибови, аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мардумии Ироқ аз кӯмаки нерӯҳои амрикоӣ ба Абӯбакри Бағдодӣ барои фирор аз бахши ғарбии Мусил хабар дод .

 Атталибови гуфта буд, Вашингтон Бағдодиро ба маконе байни минтақаи Алқирвон ва шаҳри Алҳазр, дар 80 километрии ҷануби Мусил мунтақил кардааст.

 

Барчасп