Март 17, 2017 19:00 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии ҷангандаи исроилӣ дар Сурия
    Сарнагунии ҷангандаи исроилӣ дар Сурия

Фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия эълом кард, падофанди ҳавоии ин кишвар як ҷангандаи исроилиро, ки дар ҳимоят аз террористҳои ДИИШ ба осмони Сурия таҷовуз карда буд, сарнагун карданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия бо судури баёнияе таъкид кард, чаҳор фарванд ҷангандаи режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) бо нақзи ҳарими ҳавоии Сурия аз тариқи хоки Лубнон, як маркази низомии ин кишварро дар марказ ва ғарби Сурия ҳадаф қарор доданд, ки пас аз рӯбарӯ шудан бо падофанди ҳавоии артиши Сурия, яке аз онҳо сарнагун шуд ва бақияи ҷангандаҳои мутаҷовиз маҷбур ба фирор шуданд.

Бар асоси ин баёния, ин таҷовузи ошкор аз сӯйи режими саҳюнистӣ дар ҳимоят аз террористҳои ДИИШ сурат мегирад ва талоше бефоида барои боло бурдани руҳияи тазъифшудаи онҳо ва камранг кардани пирӯзиҳои артиши Сурия дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ аст.

Фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия ҳамчунин бо таъкид бар азму иродаи худ барои муқобила бо ҳар гуна таҷовузи саҳюнистҳо ба хоки Сурия ҳушдор дод, низомиёни Сурия дар сурати такрори ин иқдомот бо қудрат ба он посух хоҳанд дод.

Бо оғози буҳрони Сурия аз марти 2011 то кунун, режими саҳюнистӣ борҳо барои кӯмаку ҳимоят аз террористҳо, мавозеи низомиёни суриро ҳадаф қарор додааст.

Ҷангандаҳои исроилӣ дар буҳрони Сурия дар ҳукми пуштибонии ҳавоӣ аз террористҳо амал мекунанд.

 

Барчасп