Интиқоди Дидабони ҳуқуқи башар аз Британия
Муовини мудири иҷроии бахши Ховари Миёна ва шимоли Африқои созмони Дидабони ҳуқуқи башар аз Англия ба иллати мухолифат бо ширкат дар судури баёнияи муштараки Шӯрои ҳуқуқи башар дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Баҳрайн интиқод кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҷо Сторк, муовини мудири иҷроии бахши Ховари Миёна ва шимоли Африқои созмони Дидабони ҳуқуқи башар хотирнишон кард, Англия бо адами мушорикат дар тарҳи давлати Швейтсария ба манзури ироаи баёнияи муштарак дар Шӯрои ҳуқуқи башар дар бораи авзои Баҳрайн, ба вижа дар ин марҳила, муртакиби иқдоме озордиҳанда шуд.
Сторк изҳор дошт, монеъе барои таомул бо давлати Баҳрайн дар мавриди ислоҳот, он тавр, ки давлати Англия иддао мекунад, вуҷуд надорад, аммо вақте давлати Швейтсария пешниҳоди имзои баёнияи муштарак дар интиқод аз нақзи ваҳшатноки ҳуқуқи башарро матраҳ кард, Англия набояд аз ин кор худдорӣ мекард.
Сторк ҳамчунин бо ишора ба вуҷуди муҳокимаҳои ғайриодилона барои муттаҳамони парвандаҳои сиёсӣ дар Баҳрайн, аз изҳороти Муассисаи миллии ҳуқуқи башар, ки бо вуҷуди эъдоми се зиндонии сиёсӣ дар ин авохир, муддаӣ шуда, Баҳрайн тааҳҳудоти байналмилалии худро нақз накардааст, интиқод кард.
Сторк таъкид кард, ки роҳи қонунии ислоҳот ин аст, ки давлати Баҳрайн тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳуқуқи башарро бар асоси тавофуқномаҳое, ки имзо карда, ба иҷро бигузорад, ба комиссари олӣ ва созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ иҷозаи сафар ба ин кишварро бидиҳд ва ҳама зиндониёни сиёсӣ аз соли 2011 то кунун, ба хусус Набил Раҷаб, фаъоли саршиноси ҳуқуқиро, ки бо иттиҳомҳои марбут ба озодии баён ва андеша муҳокима мешавад, озод кунад.