Март 23, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Бар асари бомбаборони эътилофи
    Бар асари бомбаборони эътилофи "амрикоӣ" беш аз 32 кӯдак ба ҳамроҳи як зан шаҳид ва даҳҳо ғайринизомии сурӣ захмӣ шуданд.

Вазорати умури хориҷаи Сурия бо ирсоли ду номаи эътирозомез ба Созмони милал ва Шӯрои амният, аз иқдомоти эътилоф ба саркардагии Амрико дар Сурия интиқод кард.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи шабакаи “Ал-Олам”, Вазорати хориҷаи Сурия дар паёмҳои ҷудогона аз СММ ва Шӯрои амният хост то ба масъулияти худ дар мутаваққиф кардани куштору вайронгарии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Сурия амал кунад ва ин иқдомотро маҳкум кунад.

Вазорати хориҷаи Сурия таъкид кард, ҳамалоти нерӯи ҳавоии эътилоф ба саркардагии Амрико алайҳи ғайринизомиён, ки ба баҳонаи мубориза бо терроризм сурат мегирад, ҳамроҳ бо иқдомоти гурӯҳҳои террористие назири ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусраву гурӯҳҳои муртабит бо онҳо барои эҷоди ҳарҷу марҷу вайронӣ дар Сурия аст.

Нерӯи ҳавоии ба истилоҳ эътилоф рӯзи чаҳоршанбе як мадраса дар шаҳри Алмансура, дар самти ғарбии шаҳри Раққаро бомбаборон кард, ки бар асари он беш аз 32 кӯдак ба ҳамроҳи як зан шаҳид ва даҳҳо ғайринизомии сурӣ захмӣ шуданд ва ин мадраса вайрон шуд.

Вазорати хориҷаи Сурия таъкид кардааст, ин ҷинояти нерӯи ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико бо тамоми иддаоҳои аъзои он барои мубориза бо терроризм дар тазод аст.

Ҷангандаҳои ба истилоҳи эътилоф ба саркардагии Амрико борҳо ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ ғайринизомиёни бедифоъро ҳадаф қарор додаанд.

 

Барчасп