Март 23, 2017 21:06 Asia/Dushanbe
  • Федерико Могерини гуфт, буҳрони Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад.
    Федерико Могерини гуфт, буҳрони Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз омодагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои поён додан ба ҷанг дар Сурия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо таъкид бар омодагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои поён додан ба ҷанг дар Сурия афзуд, буҳрони Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Федерико Могерини афзуд, тарафҳои даргир дар Сурия ҳамакнун бояд ба тавофуқи оташбас эҳтиром бигузоранд то замина барои оғози марҳилаи интиқоли сиёсӣ фароҳам шавад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Иттиҳоди Аврупо мизбони иҷлоси кишварҳои кӯмаккунандаи ҳомии ояндаи Сурия аст, аммо раванди музокирот миёни тарафҳои сурӣ набарди зидди гурӯҳи террористи ДИИШ-ро мутаваққиф нахоҳад кард.

 Изҳороти Могерини дар шароите матраҳ мешавад, ки кишварҳои ғарбиву арабӣ ва Амрико ҳамвора аз ҳомиёни аслии террористҳо дар Сурия будаанд.

 Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои сарнагун кардани давлати қонунии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия оғоз шудааст.

 

Барчасп