Таъкиди Могерини бар аҳамияти музокироти Сурия дар Женева
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бар аҳамияти музокироти Женева дар бораи Сурия таъкид кард.
Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, оғози гуфтугӯҳо байни гурӯҳҳои сурӣ дар Женева як гоми асосӣ дар масири ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои нооромиҳои Сурия аст.
Дар ин баёния омадааст, даргириҳои Сурия вориди ҳафтумин соли худ шудаву баёнгари ин матлаб аст, ки роҳи ҳалли низомӣ барои буҳрон вуҷуд надорад.
Бар асоси ин баёния, тавофуқи оташбас, ки дар Остонаи Қазоқистон имзо шуд, бояд ба таври комил иҷро шавад ва ҳомиёни он итминон ҳосил кунанд, ки оташбас аз тариқи созукорҳои назоратӣ риоят мешавад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ҳамаи гурӯҳҳову авомил бояд аз ғайринизомиён муҳофизат кунанду иҷозаи дастрасии комилро ба касоне ки дар ҳамаи манотиқ ниёзманди хадамот ҳастанд, бидиҳанд.
Могерини таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон мутааҳҳид аст, ки аз талошҳои Стефан де Мистура, намояндаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия дар даври ҷадиди музокироти Сурия дар Женева барои осон кардани заминаи музокирот байни гурӯҳҳо ҳимоят кунад.
Конфронси Женева перомуни Сурия рӯзи панҷшанбе, бистисеюми март бо ҳузури тамоми тарафҳо дар Женева оғоз шудааст.
Де Мистура қабл аз конфронси Женева ройзаниҳои байналмилалии фишурдаеро барои ҳимоят аз ҳаллу фасли Сурия дошт ва ҳамин мавзӯъ муҷиб шуда то дар рӯзи нахусти музокироти Женева ҳузур надошта бошад.