Март 25, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани моҳона садҳо яманӣ бар асари ҳамалоти Арабистон

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал эълом кард, ҳар моҳ дастикам садҳо шаҳрванди яманӣ бар асари ҳамалоти ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ ба Яман, кушта мешаванд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва Симо, дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал, дар остонаи сеюмин солрӯзи оғози ҳамлаи Арабистон ба Яман, дар баёнияе эълом кард, дар ду соли ахир дар ҳамалоти бевақфаи Арабистон ба Яман, чаҳор ҳазору 773 яманӣ кушта ва беш аз ҳашт ҳазору 200 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки маркази ҳуқуқии Яман дар гузорише эълом кардааст, ки дар ҳамалоти 20 моҳаи Арабистон ба Яман, беш аз 11 ҳазор тан кушта ва беш аз 19 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, аз миёни кушта шудагон ҳудуди 2500 тан кӯдак ва беш аз 1800 нафар зан ҳастанд.

Арабистон аз марти 2015 токунӯн бо ҳадафи бозгардондани Мансур Ҳодӣ- раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, ҳамалоти худро ба Яман оғоз кард.

 

 

Барчасп