Ишғоли 85 дарсади хоки Фаластин ба даст саҳюнистҳо
Бар асоси омору арқоми мавҷуд, режими саҳюнистӣ 85 дарсади масоҳати Фаластинро, ки болиғ ба 27 ҳазор километри мураббаъ мешавад, ишғол кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Интифоза”, Созмони марказии омори Фаластин имрӯз, панҷшанбе, ба муносибати Рӯзи замин тайи баёнияе эълом кард, дар пайи ишғоли 27 ҳазор километри мураббаъ аз замини Фаластин ба дасти ишғолгарони саҳюнист дар ҳоли ҳозир фаластиниҳо фақат контроли понздаҳ дарсад аз ҳудуди кишвари худро дар ихтиёр доранд ва 48 дарсад аз ҷамъияти Фаластинро ташкил медиҳанд. Бар асоси ин баёния, режими саҳюнистӣ дар соли 1967 контроли 40 дарсад аз замини Каронаи Бохтарии рӯди Урдунро дар ихтиёр дошт, ки баъд аз ин таърих мақомоти режими саҳюнистӣ бо ишғоли ҳудуди бештар зимни мамониат аз сабти асноди марбут ба замини фаластиниҳо ин ҳақро аз онҳо гирифтанд.
Дар баёнияи Созмони марказии омори Фаластин омадааст, идомаи тахриби хонаҳо, молу мулки фаластиниҳо ва эҷод монеаҳо дар судури муҷаввизи сохти хонаҳои фаластиниҳо аз сӯйи ишғолгарони саҳюнист дар ҳоле аст, ки муҷаввизи сохти ҳазорон воҳиди маскунӣ дар шаҳракҳои саҳюнистнишини Қудс тасвиб шудааст.
Мақомоти саҳюнист дар соли 2016 зимни тахриби ҳудуди 309 сохтмони мутааллиқ ба фаластиниҳо ҳукми тахриби 227 сохтмони дигарро низ содир карданд. Ҷамъияти саҳюнистҳо дар авохири соли 2015 дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба беш аз 617 ҳазор нафар расид, ки 47 дарсади онҳо сокини Қудс ҳастанд. Аз сӯйи дигар бо вуҷуди масоҳати ками борикаи Ғазза режими саҳюнистӣ бо эҷоди минтақаи алоҳида дар атрофи ин минтақа контроли 24 дарсад аз масоҳати Ғаззаро, ки ҳудуди 365 километри мураббаъ аст, ба даст гирифтааст.