Апрел 01, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Башшор Алҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони милали муттаҳид
    Башшор Алҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони милали муттаҳид

Раиси ҳайъати эъзомии давлати Сурия ба музокироти Женева гуфт: Даври панҷуми гуфтугӯҳои Женева дар ҳоле поён ёфт, ки посухе аз дигар ҳайъатҳо дар бораи пешниҳодҳо ва саволоти ҳайъати сурӣ дарёфт накардем.

Ба иттилои хабаргузории расмии Сурия (Сана), Башшор Алҷаъфарӣ рӯзи ҷумъа дар поёни даври панҷуми гуфтугӯҳои Женева афзуд: Ин мавзу ҷадид ва тааҷҷубоваре нест, зеро ин тарафҳо ба дунболи мубориза бо терроризм ва роҳҳали сиёсӣ нестанд .

Намояндаи доими Сурия дар Созмони милали муттаҳид гуфт: Ҳайъати муоризони мусаллаҳи сурӣ танҳо як чизро мехоҳад, он таҳвил додани калиди Сурия ба онҳост .

Раиси ҳайъати музокиракунандаи давлати Сурия таъкид кард, ояндаи Сурияро танҳо миллати Сурия рақам мезананд, на Амрико ва ё ҳар кишвари дигаре .

Музокироти Женеваи 5 барои ҳалли буҳрони Сурия, ҷумъа шаб пас аз 9 рӯз гуфтугӯҳои дуҷонибаи Стаффан де Мистура, намояндаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия бо ширкаткунандагони дар ин музокирот, бо нишасти матбуотии Де Мистура ба кори худ поён дод.

 

Барчасп