Кашфи пирамидаи се ҳазору ҳафтсад сола дар Миср
-
Кашфи пирамидаи 3700 сола дар наздикии пойтахти Миср
Вазорати осори бостонии Миср эълом кард, дар ҳаффориҳои як тими мисрӣ наздики Қоҳираи пойтахт, як пирамидаи ҷадид кашф шудааст, ки қидмати он ба се ҳазору 700 сол қабл боз мегардад.
Ба иттилои шабакаи хабарии Русия Алявм, ин пирамидаи ҷадидро бостоншиносони мисрӣ дар навоҳии Дашҳур дар қабристони фиръавнҳои бостон кашф карданд .
Тибқи санҷишҳои мухталиф, пирамидаи кашфшуда марбут ба дудмони сездаҳуми фиръавнҳои Миср мебошад, ки ба қуруни 18-17 қабл аз милод бармегардад .
Бино бар эъломи Вазорати осори бостонии Миср, бахшҳое аз пирамидаи ҷадиди кашфшуда комилан солим аст ва бостоншиносони мисрӣ ба ҳаффориҳои худ идома медиҳанд, то аҷзои дигари ин пирамида намоён шавад .
Пирамидаҳои мисрӣ аз муҳимтарин ва бошукуҳтарин созаҳои бар ҷой монда аз тамаддуни Мисри бостон ҳастанд, ки намодҳои ин тамаддун низ ба шумор мераванд .