Апрел 06, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Валид Муаллим- Вазири умури хориҷаи Сурия
    Валид Муаллим- Вазири умури хориҷаи Сурия

Вазири умури хориҷаи Сурия гуфт, террористҳо таслиҳоти кимиёверо аз Ироқ ва Туркия вориди Сурия кардаанд ва Димишқ ин масъаларо ба иттилои Созмони манъи густариши силоҳҳои химиёвӣ расонда буд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Валид Муаллим рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии дар Димишқ, дар бораи иддаои истифодаи артиши ин кишвар аз маводи кимиёвӣ, дар ҳамла ба Идлиб гуфт, нахустин ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия ба Хон-Шайхун дар Идлиб рӯзи сешанбе анҷом шуд ва дар он ҳамла, анбори силоҳи мутааллиқ ба гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра ҳадаф қарор гирифт.

Вай афзуд, агар ҳодисаи Хон-Шайхун як ҳамлаи кимиёвӣ буд, маводи кимиёвӣ дар минтақае бузург густариш меёфт.

Вазири умури хориҷаи Сурия бори дигар таъкид кард, артиши ин кишвар на алайҳ «мардумаш» ва на алайҳи «террорист‎ҳо» аз силоҳҳои кимиёвӣ истифода накардааст ва нахоҳад кард.

Вай гуфт, Сурия аз ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Хон-Шайхун ҳимоят мекунад, аммо бояд тазмин шавад, ки кумитаи таҳқиқ, сиёсӣ коре нахоҳад кард.

Манобеи хабарии вобаста ба мухолифони мусаллаҳи Сурия, рӯзи сешанбе иддао карданд, ҳавопаймоҳои бо ҳувияти номушахас шаҳри Хон-Шайхунро  бо мушакҳои ҳовии газҳои кимиёвӣ ҳадаф қарор додаанд.

Давлати Сурия соли 2014 таслиҳоти кимиёвии худро дар чорчӯби тавофуқи Русия ва Амрико ба намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи густариши силоҳҳои кимиёвӣ таҳвил дод.

 

Барчасп