Апрел 09, 2017 20:33 Asia/Dushanbe

Инфиҷор дар ду килисо дар шимоли Миср, дастикам 108 куштаву захмӣ барҷой гузошт.

Ба иттилои хабаргузории Спутник, телевизиони давлатии Миср эълом кард, рӯзи якшанбе бар асари инфиҷор дар килисои Мар-Гигиси шаҳри Танто дар шимоли ин кишвар, 25 нафар кушта ва 60 нафар маҷруҳ шуданд .

Инфиҷор замоне рух дод, ки масеҳиён дар ҳоли баргузории маросими ҷашни Якшанбеи Нахл аз идҳои масеҳӣ буданд .

Манобеи мисрӣ эълом карданд, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср дар маҳалли ҳодисаи инфиҷори килисо дар Танто ҳузур пайдо карда ва ба бемористонҳои артиш барои пазириши маҷруҳон дастур додааст .

Ҳамчунин пас аз инфиҷори хунин дар шаҳри Танто инфиҷори дигаре низ дар килисои Алмарқасия дар Искандарияи Миср рух дод, ки бино бар эъломи телевизиони Миср, дастикам ду кушта ва 21 маҷруҳ ба ҷой гузоштааст .

 

Барчасп