Апрел 13, 2017 16:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 100 муздури Саудӣ дар ҳамлаи мушакии яманиҳо

Манобеи яманӣ аз кушта шудани беш аз 100 нафар аз муздурони Саудӣ дар ҳамлаи мушакии неруҳои яманӣ, дар ғарби ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузори Яман (Сабо), як манбаи низомии яманӣ имрӯз (панҷшанбе) эълом кард, артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар, ки рӯзи гузашта як адад мушаки баллистик аз навъ «Қоҳир- 2» ба мавозеи мутаҷовизони Саудӣ дар минтақаи «Алмахо», дар ҷанубу ғарби ин кишвар шиллик карданд, ба ҳалокати 100 нафар аз муздурон, аз ҷумла чанд афсар ва низоми судонӣ ва низ инҳидоми ҳафт дастгоҳ худрави низомии мутааллиқ ба онон, мунҷар шуд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи байналмилалии имдодрасонӣ барои решакан кардани фақр, гуруснагӣ ва беадолатӣ (Оксфам), буҳрон дар Яманро яке аз вахимтарин буҳронҳои инсонӣ дар ҷаҳон донист ва эълом кард, дар ин кишвар наздик ба 19 миллион нафар муодили 70 дарсади ҷамъияти он, ниёзманди кумакҳои изтирорӣ ҳастанд.

Оксфам бо ишора ба ин, ки ҳамалоти Арабистон ва муздуронаш ба Яман токунун беш аз 46 ҳазор кушта ва захмӣ дар ин кишвар бар ҷо гузоштааст, афзуд, беш аз се миллион нафар дар Яман, маҷбӯр ба тарки хонаҳои худ ба иллати бомбаборонҳо шудаанд.

Арабистони Саудӣ аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман, ба баҳонаи бозгардондан Мансур Ҳодӣ-раисиҷумҳури мустаъфии ин кишвар ба қудрат кардааст.

Арабистони Саудӣ бо сарфи ҳазинаҳои ҳангуфт, дар дастёбӣ ба аҳдофаш ноком мондааст.

 

Барчасп