Апрел 18, 2017 20:48 Asia/Dushanbe
  • Абубакр Бағдодӣ дар Сурия боздошт шудааст?

Дафтари расонаии дабири кулли Созмони амният ва иттилооти Аврупо дар сайти расмии худ муддаӣ шуд, "иттилооти дақиқ"-е дар ихтиёр дорад, ки бар асоси он, Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ дар шимоли Сурия боздошт шудааст.

Дар баёнияи ин дафтар омадааст, боздошти эҳтимолии Бағдодӣ дар натиҷаи амалиёти дастгоҳи иттилоотии низоми Сурия ва Русия ва пас аз он анҷом гирифтааст, ки ӯ рӯзи дувуми апрел ба дунболи пешравӣ ва таъқибу гурези нерӯҳои мардуми Ироқ маҷбур ба фирор аз Мусил ва вуруд ба хоки Сурия шуд.

 Бо ин вуҷуд то кунун ҳеҷ гуна далел ё ҷузиёте ба даст наомадааст, ки ин мавзӯъро таъйид кунад.

Эъломи ин хабар аз сӯйи дафтари расонаии дабири кулли Созмони амният ва иттилооти Аврупо пас аз он сурат гирифт, ки изҳороте дар бораи фирори саркардаи ДИИШ ба шимоли Сурия бар асари афзоиши шиддати амалиёти низомии нерӯҳои Ироқ дар Мусил ба унвони пойтахти ин гурӯҳаки террористӣ мунташир шуд.